Кишварҳои ИИАО унвонҳои илмии шаҳрвандонашонро эътироф мекунанд

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии Риа-Новости / Гузариш ба медиабонкЕАЭС 2023. Работа форума
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2024
Обуна шудан
Эътирофи унвонҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бидуни тақозои ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва расмиёти зиёдатӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмӣ шурӯъ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Созишномаи миёни кишварҳои узви иттиҳодия дар ин бора аз 2 май эътибори қонунӣ пайдо кард.
"Аз 2 май Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷаҳои илмӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки 8 июни соли 2023 дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё ба имзо расида буд, эътибор пайдо кард", - омадааст дар иттилоия.
ИИАО қайд кард, ки ҳоло ҳуҷҷатҳои миллӣ дар бораи дараҷаи илмии шаҳрвандони кишварҳои "панҷгона"-и Авруосиё барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар давлати дигари иттиҳод ба таври худкор эътироф карда мешаванд.
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2024
ИИАО технологияҳои IT-ро бо Куба мубодила хоҳад кард
КИАО таъкид кардааст, ки ин ба истиснои ҳолатҳое мебошад, ки дорандагони ин гуна ҳуҷҷатҳо барои ба қабул шудан ба корҳое довталаб шаванд, ки дар онҳо ёрдампулиҳои давлатӣ ё имтиёзҳо барои гирифтани дараҷаи илмӣ муқаррар гарданд.
"Созишнома ба баланд бардоштани ҳаракати мутахассисони баландихтисос нигаронида шудааст ва ба рушди озодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард", - таъкид кард КИАО.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0