https://sputnik.tj/20240502/iiao-tekhnologiya-it-ro-kuba-mubodila-1062696077.html
ИИАО технологияҳои IT-ро бо Куба мубодила хоҳад кард
ИИАО технологияҳои IT-ро бо Куба мубодила хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Куба дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолиятҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
2024-05-02T12:15+0500
2024-05-02T12:15+0500
2024-05-02T12:20+0500
ииао
куба
ҳамкорӣ
технология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205530_0:0:3124:1757_1920x0_80_0_0_65826e638aea94841c4a24b9c6da9310.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия байни давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Куба дар назар аст, ки ба роҳ монда шаванд. Дар ин бора дар мулоқоти директори департаменти технологияҳои иттилоотии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Александр Алексанян ва гурӯҳи тиҷоратии Куба оид ба иттилоот ва коммуникатсия бо роҳбарии Ариадна Пласенсия Кастро сухан рафт. Ҷонибҳо фаъолияти муштарак ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КИАО.Қайд карда шуд, ки иттиҳодия дар ин роҳ бо дигар мамлакат — Ветнам аллакай натиҷаҳои мусбати корро рӯи даст дорад. Қобили зикр аст, ки Куба як кишвари нозири Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад.Қаблан, КИАО ва Куба Ёддошти тафоҳум байни Комиссия ва ҳукумати Куба, инчунин нақшаи амалиёти муштаракро имзо карданд.
https://sputnik.tj/20240429/nishondihandaho-makroiqtisodi-iiao-behtar-1062672889.html
куба
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205530_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_05ac3fcf6c76b0abbbab2d53f11d8c61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао технологияҳ it куба мубодила
ииао технологияҳ it куба мубодила
ИИАО технологияҳои IT-ро бо Куба мубодила хоҳад кард
12:15 02.05.2024 (Навсозишуда: 12:20 02.05.2024) Намояндагони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Куба дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолиятҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия байни давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Куба дар назар аст, ки ба роҳ монда шаванд.
Дар ин бора дар мулоқоти директори департаменти технологияҳои иттилоотии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Александр Алексанян ва гурӯҳи тиҷоратии Куба оид ба иттилоот ва коммуникатсия бо роҳбарии Ариадна Пласенсия Кастро сухан рафт.
Ҷонибҳо фаъолияти муштарак ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КИАО.
Қайд карда шуд, ки иттиҳодия дар ин роҳ бо дигар мамлакат — Ветнам аллакай натиҷаҳои мусбати корро рӯи даст дорад.
"Ин таҷрибаро метавон дар табодули электронии иттилоот бо Куба истифода бурд", - қайд кард Алексанян.
Қобили зикр аст, ки Куба як кишвари нозири Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад.
Қаблан, КИАО ва Куба Ёддошти тафоҳум байни Комиссия ва ҳукумати Куба, инчунин нақшаи амалиёти муштаракро имзо карданд.