https://sputnik.tj/20240502/ruzi-ghalaba-dar-tojikiston-chi-guna-barguzor-meshavad-1062702298.html
Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи баргузории раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидонӣ" ҳанӯз маълумоти дақиқ нест ва дар гумон аст, ки доир шавад, гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон
2024-05-02T18:13+0500
2024-05-02T18:13+0500
2024-05-02T18:20+0500
дар тоҷикистон
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048313123_0:79:3073:1807_1920x0_80_0_0_296a0936adef4aec11b8471f2a44f328.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Баргузории гузашти ҳарбӣ дар Рӯзи Ғалаба бар дӯши Вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳо вогузор шудааст. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Элмурод Турсунов хабар дод. Ӯ зикр кард, ки дар Рӯзи ғалаба маросими гулчанбаргузорӣ дар "Боғи ғалаба" баргузор мешавад. Аммо дар бораи баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” то ҳол маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.Турсунов гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд он ба далели амниятӣ ба мисли тасмими дар Русия гирифташуда баргузор нашавад. "Агар тасмим гирифта шавад, ки ин раҳпаймоӣ баргузор шавад ва ба мо хабар диҳанд, дар татбиқи он мусоидат мекунем", - хулоса кард ӯ. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки дар арафаи ин сана аз аҳволи собиқадорон хабар гирифта дар суҳбатҳо аз корнамоии онҳо гуфта хоҳад шуд.Қаблан дар қабристони православии шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор шуда буд. Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Чорабинӣ ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда, дар он беш аз 500 нафар ширкат доштанд. Онҳо зиёда аз 1000 қабрро тоза карданд. Қобили зикр аст, ки ҳамасола чунин чорабиниҳо дар қабристонҳо ва дафнгоҳҳои низомии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20240502/malum-tojikiston-sobiqador-jang-buzurg-vatan-qayd-hayotand-1062698740.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048313123_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1ef00d4c2c58d66e2441babd48582631.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзи ғалаба тоҷикистон баргузор
рӯзи ғалаба тоҷикистон баргузор
Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
18:13 02.05.2024 (Навсозишуда: 18:20 02.05.2024) Дар бораи баргузории раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидонӣ" ҳанӯз маълумоти дақиқ нест ва дар гумон аст, ки доир шавад, гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Баргузории гузашти ҳарбӣ дар Рӯзи Ғалаба бар дӯши Вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳо вогузор шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Элмурод Турсунов хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки дар Рӯзи ғалаба маросими гулчанбаргузорӣ дар "Боғи ғалаба" баргузор мешавад.
"Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ ва собиқадорон иштирок мекунанд", - таъкид кард муовини раиси Шӯро.
Аммо дар бораи баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” то ҳол маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Турсунов гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд он ба далели амниятӣ ба мисли тасмими дар Русия гирифташуда баргузор нашавад.
"Агар тасмим гирифта шавад, ки ин раҳпаймоӣ баргузор шавад ва ба мо хабар диҳанд, дар татбиқи он мусоидат мекунем", - хулоса кард ӯ.
Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки дар арафаи ин сана аз аҳволи собиқадорон хабар гирифта дар суҳбатҳо аз корнамоии онҳо гуфта хоҳад шуд.
Қаблан дар қабристони православии шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор шуда буд. Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Чорабинӣ ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда, дар он беш аз 500 нафар ширкат доштанд.
Онҳо зиёда аз 1000 қабрро тоза карданд. Қобили зикр аст, ки ҳамасола чунин чорабиниҳо дар қабристонҳо ва дафнгоҳҳои низомии Тоҷикистон баргузор мешаванд.