https://sputnik.tj/20240430/tojikiston-mohi-may-idi-istirohat-1062677768.html
Ҷадвали кору истироҳати тоҷикистониҳо дар май - тасвирбаён
Ҷадвали кору истироҳати тоҷикистониҳо дар май - тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи май чун анъана дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ айёми иду истироҳатҳост, ки бузургтаринаш ҷашни солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад
2024-04-30T16:16+0500
2024-04-30T16:16+0500
2024-05-01T13:04+0500
9-май
иди ғалаба
моҳи май
истироҳат
кор
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
тасвирбаён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059782394_0:213:1051:804_1920x0_80_0_0_68a35b61c9e840c1d6020cf0a3374add.jpg
Тоҷикистониён бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи май 4 рӯзи паиҳам истироҳат хоҳанд дошт. Ҳукумати Тоҷикистон шанбеи 4 майро рӯзи корӣ эълон карда, рӯзи истироҳатро ба ҷумъаи 10 май гузаронд. Ҳамин тариқ тоҷикистониҳо пайиҳам 4 рӯз аз 9 то 12 май истироҳат хоҳанд дошт. Ҳамчунин бо қарори ҳукумат рӯзи истиоҳатии 22 июн ба ҷумъаи 28 июн гузаронда шуд.Бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, 9 май - таҷлили солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истироҳатӣ буда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ баргузор гардида, ёди онҳое пос дошта мешавад, ки барои ҳифзи Ватан аз Олмони нозӣ дар солҳои 1941 - 1945 ҷони худро аз даст доданд. Рӯзҳои ид ва истироҳат дар Русия дар моҳи майРӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, бидуни истироҳат хоҳад гузашт. Дар Тоҷикистон соли 2016 Қонуни рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.Дар баробари иди Ғалаба, ки барои тоҷикистониён истироҳатӣ мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд.Дар ин феҳраст, 1 май - Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, 4 май - Рӯзи кормандони мақомоти андоз, 7 май - Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, 12 май - Рӯзи шашмақом, 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 28 май - Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059782394_0:115:1051:903_1920x0_80_0_0_0a83c41d0d4bb95bf3595b236c96bd50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистонӣ, истироҳат, ҷбв, солгард
тоҷикистонӣ, истироҳат, ҷбв, солгард
Ҷадвали кору истироҳати тоҷикистониҳо дар май - тасвирбаён
16:16 30.04.2024 (Навсозишуда: 13:04 01.05.2024) Моҳи май чун анъана дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ айёми иду истироҳатҳост, ки бузургтаринаш ҷашни солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад
Тоҷикистониён бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи май 4 рӯзи паиҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Ҳукумати Тоҷикистон шанбеи 4 майро рӯзи корӣ эълон карда, рӯзи истироҳатро ба ҷумъаи 10 май гузаронд. Ҳамин тариқ тоҷикистониҳо пайиҳам 4 рӯз аз 9 то 12 май истироҳат хоҳанд дошт.
Ҳамчунин бо қарори ҳукумат рӯзи истиоҳатии 22 июн ба ҷумъаи 28 июн гузаронда шуд.
Бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, 9 май - таҷлили солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истироҳатӣ буда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ баргузор гардида, ёди онҳое пос дошта мешавад, ки барои ҳифзи Ватан аз Олмони нозӣ дар солҳои 1941 - 1945 ҷони худро аз даст доданд.
Рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, бидуни истироҳат хоҳад гузашт. Дар Тоҷикистон соли 2016 Қонуни рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Дар баробари иди Ғалаба, ки барои тоҷикистониён истироҳатӣ мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд.
Дар ин феҳраст, 1 май - Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, 4 май - Рӯзи кормандони мақомоти андоз, 7 май - Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, 12 май - Рӯзи шашмақом, 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 28 май - Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд.