https://sputnik.tj/20240429/majlis-hukumat-rayosati-sarvazir-barrasi-1062674206.html
Маҷлиси ҳукумат таҳти раёсатии сарвазир: чиро баррасӣ кард?
Маҷлиси ҳукумат таҳти раёсатии сарвазир: чиро баррасӣ кард?
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазир масъулинро барои вусъати кишту кори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо муваззаф кардааст
2024-04-29T19:21+0500
2024-04-29T19:21+0500
2024-04-29T19:21+0500
дар тоҷикистон
маҷлиси ҳукумат
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059595886_0:0:707:398_1920x0_80_0_0_a7993e9bf27d6139a99b63688adf6acd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 баррасӣ гардид.Ба гузориши дафтари матбуоти ҳкукмат, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаоъолияти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.Гуфта мешавад, ки сарвазири пас аз шунидани ҳисобот дар назди роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босамари нақшаҳо ва татбиқии дастуру супоришҳои раисҷумҳур вазифаҳои мушаххас гузоштанд.Ҳамчунин дар маҷлис “Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 раиси Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар Маҳмадсаид Файзуллозода ҳисобот дод ва ҳамчунин, як қатор қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кард.Дар ин нишаст инчунин масъалаҳо дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, Шурои парасторони Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният ва дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи варзишӣ”-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид.Дар фарҷом Расулзода аъзои Ҳукуматро барои вусъати кишту кори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо ва амалисозии бунёдкориҳо вазифадор кардааст.
https://sputnik.tj/20240226/hukumat-roghun-khazina-mutadil-1061837821.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059595886_8:0:719:533_1920x0_80_0_0_1a993f5ad2cc979fb769dc24009ed841.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҷлис ҳукумат раёсат сарвазир баррасӣ
маҷлис ҳукумат раёсат сарвазир баррасӣ
Маҷлиси ҳукумат таҳти раёсатии сарвазир: чиро баррасӣ кард?
Сарвазир масъулинро барои вусъати кишту кори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо муваззаф кардааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 баррасӣ гардид.
Ба гузориши дафтари матбуоти ҳкукмат, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ оид ба ҷамъбасти фаоъолияти бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.
Гуфта мешавад, ки сарвазири пас аз шунидани ҳисобот дар назди роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои босамари нақшаҳо ва татбиқии дастуру супоришҳои раисҷумҳур вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ҳамчунин дар маҷлис “Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 раиси Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар Маҳмадсаид Файзуллозода ҳисобот дод ва ҳамчунин, як қатор қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кард.
Дар ин нишаст инчунин масъалаҳо дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, Шурои парасторони Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният ва дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи варзишӣ”-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар фарҷом Расулзода аъзои Ҳукуматро барои вусъати кишту кори баҳорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиии вобаста ба селу обхезиҳо ва амалисозии бунёдкориҳо вазифадор кардааст.