https://sputnik.tj/20240226/hukumat-roghun-khazina-mutadil-1061837821.html
Ҳукумат барои НБО "Роғун" аз хазинаи муътадилӣ маблағ ҷудо кард
Ҳукумат барои НБО "Роғун" аз хазинаи муътадилӣ маблағ ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" муваззаф шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намояду ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот диҳад
2024-02-26T10:58+0500
2024-02-26T10:58+0500
2024-02-26T10:59+0500
дар тоҷикистон
нерӯгоҳ
нбо "роғун"
энергетика
ҳукумат
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_74f09fc4a488df6dac44f28da75db51c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 100 млн сомонӣ ҷудо кард. Қарор дар ин бораро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд. Таъкид шудааст, ки маблағи мазкур барои пур кардани хазинаи оинномавии ҷамъият равона шуда, раёсати нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" муваззаф шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намояду ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот диҳад. Дар маҷмуъ соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳ 5 млрд сомонӣ равона гардид. Вазорати молия мегӯяд, талош мекунанд, 2,2 млрд сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.Соли гузашта аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" дар соли гузашт 5,2 млрд сомонӣ сарф шуд, ки нисбати нақша 2,7 млрд сомонӣ зиёд аст.Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ҳадаф нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ҷойҳои корию расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, илова намуд вазир.Мақомоти энергетикии Тоҷикистон қаблан изҳор доштанд, ки барои татбиқи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ равона карда шавад.Вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи он, ки оё ин имконпазир аст, изҳор дошт, ки тамоми талошҳо барои ҷалби маблағгузориҳо ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амалӣ шуда истодаанд.Ӯ яке аз мавзуъҳои асосии суҳбатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва мизҳои гирду дигар ҳамоишҳоро ҷалби маблағгузорӣ ба "Роғун" хонд.
https://sputnik.tj/20240214/ayb-tabiat-mudiriyat-charo-barq-1061682905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_e55431f17e6284e2d7b22af692480a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хазина, оиннома, нерӯгоҳ, роғун, пур, тоҷикистон
хазина, оиннома, нерӯгоҳ, роғун, пур, тоҷикистон
Ҳукумат барои НБО "Роғун" аз хазинаи муътадилӣ маблағ ҷудо кард
10:58 26.02.2024 (Навсозишуда: 10:59 26.02.2024) Раёсати нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" муваззаф шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намояду ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот диҳад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 100 млн сомонӣ ҷудо кард. Қарор дар ин бораро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд.
Таъкид шудааст, ки маблағи мазкур барои пур кардани хазинаи оинномавии ҷамъият равона шуда, раёсати нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" муваззаф шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намояду ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот диҳад.
Дар маҷмуъ соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳ 5 млрд сомонӣ равона гардид. Вазорати молия мегӯяд, талош мекунанд, 2,2 млрд сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.
Соли гузашта аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" дар соли гузашт 5,2 млрд сомонӣ сарф шуд, ки нисбати нақша 2,7 млрд сомонӣ зиёд аст.
Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ҳадаф нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ҷойҳои корию расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, илова намуд вазир.
Мақомоти энергетикии Тоҷикистон қаблан изҳор доштанд, ки барои татбиқи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ равона карда шавад.
Вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи он, ки оё ин имконпазир аст, изҳор дошт, ки тамоми талошҳо барои ҷалби маблағгузориҳо ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амалӣ шуда истодаанд.
Ӯ яке аз мавзуъҳои асосии суҳбатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва мизҳои гирду дигар ҳамоишҳоро ҷалби маблағгузорӣ ба "Роғун" хонд.