Мунтахаби футзали Тоҷикистон натавонист Ӯзбекистонро шикаст диҳад

© Дафтари матбуоти ФФТТими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2024
Обуна шудан
Дастаи футзали Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи севум дар Ҷоми Осиё-2024 аз тими Ӯзбекистон шикаст хӯрд.
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Футзалбозони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ, Пайрав Воҳидов барои нишони биринҷии Ҷоми Осиё - 2024 бо Ӯзбекистон зӯрозмоӣ карданд.
Тими миллии футзали Узбекистон барои шашумин ба медоли биринҷи ҷоми миллатҳои футзали Осиё расид.
Дар дидори радабандии ҷоми миллатҳои футзали Осиё 2024 тими футзали Ӯзбекистон ба масоф Тоҷикистон рафт ва бо пирузӣ дар заработи пеналтӣ ба мақом севум расид
Аммо дастаи Тоҷикистон ба пирӯзӣ наздик буд: бозӣ бо ҳисоби 5:5 анҷом ёфт, вале дар зарбаҳои пеналтӣ футзалбозони ӯзбек дақиқтар (3:1) заданд, хабар медиҳад ФФТ.
Қаблан дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон пирӯз шуд. Сабқат бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 2:1 анҷомид.
Тренер сборной Таджикистана по футзалу Пайрав Вахидов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2024
Футзалбозони Тоҷикистон барои нишони биринҷӣ бо Ӯзбекистон зӯрозмоӣ мекунанд
"Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд", - зикр намуда буд ФФТ.
Ҷоми ҷаҳон соли равон миёни мунтахабҳои футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Инчунин пеш аз ин футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё - Ҷопон зӯрозмоӣ карда, бозиро мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.
Ҳамин тариқ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфта буд.
Дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 бар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ пирӯз гардида, дар даври дуюм бо тими миллии Қирғизистон мусовӣ 2 бар 2 бозӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0