https://sputnik.tj/20240427/rushd-ittihodi-avruosiyo-ittihodi-avrupo-beshtar-1062657734.html
Рушди Иттиҳоди АвруОсиё аз Иттиҳоди Аврупо бештар шудаст
Рушди Иттиҳоди АвруОсиё аз Иттиҳоди Аврупо бештар шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Русия ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст дар ҳамаи бахшҳо мебошад
2024-04-27T17:00+0500
2024-04-27T17:00+0500
2024-04-27T17:00+0500
дар русия
иқтисод
кишвар
узв
ииао
иттиҳоди иқтисодии уросиё
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054219_0:156:3086:1892_1920x0_80_0_0_d58f1b89acd3ad5804c379100115b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ҷиҳати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз Иттиҳоди Аврупо ба таври назаррас пеш аст. Ин нуктаро раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин зимни ҳамоиш дар бораи ҳамгироии АвруОсиё дар ҷаҳони бисёрқутбӣ баён дошт. Вай бо тавсиф аз дастовардҳои иттиҳодия изҳор дошт, ки соли 2023 рекорди гардиши молро нишон дод. Барои Русия муҳим аст, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯст дар ҳамаи соҳаҳо тавсеа ёбанд ва таҳкими ҳамкории гуманитарӣ низ рушд ёбанд. Ин муносибат бояд дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ инъикос ёбад, гуфт сарвазир. Русия чун анъана дар Авруосиё мавқеъҳои қавӣ дорад, ки он ба омилҳои бунёдӣ асос ёфтаанд. Консепсияи шарикии бузурги АвруОсиё омода мешавад, илова намуд. Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
https://sputnik.tj/20240423/uzviyati-tojikiston-uzbekiston-iiao-posukh-korshinos-1062605511.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054219_178:0:2909:2048_1920x0_80_0_0_03adf433a604355915421e327ba57da6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
михаил мишустин, ииао, дастовард, таҳким, ҳамкорӣ
михаил мишустин, ииао, дастовард, таҳким, ҳамкорӣ
Рушди Иттиҳоди АвруОсиё аз Иттиҳоди Аврупо бештар шудаст
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Русия ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст дар ҳамаи бахшҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ҷиҳати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз Иттиҳоди Аврупо ба таври назаррас пеш аст.
Ин нуктаро раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин зимни ҳамоиш дар бораи ҳамгироии АвруОсиё дар ҷаҳони бисёрқутбӣ баён дошт.
Вай бо тавсиф аз дастовардҳои иттиҳодия изҳор дошт, ки соли 2023 рекорди гардиши молро нишон дод.
Барои Русия муҳим аст, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯст дар ҳамаи соҳаҳо тавсеа ёбанд ва таҳкими ҳамкории гуманитарӣ низ рушд ёбанд. Ин муносибат бояд дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ инъикос ёбад, гуфт сарвазир.
Русия чун анъана дар Авруосиё мавқеъҳои қавӣ дорад, ки он ба омилҳои бунёдӣ асос ёфтаанд. Консепсияи шарикии бузурги АвруОсиё омода мешавад, илова намуд.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.