https://sputnik.tj/20240423/uzviyati-tojikiston-uzbekiston-iiao-posukh-korshinos-1062605511.html
Кӣ узвияти Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар ИИАО намехоҳад? Посухи коршинос
Кӣ узвияти Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар ИИАО намехоҳад? Посухи коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Дар мавриди он, ки шомил шудани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба кӣ писанд нест, номзади илмҳои таърих Евгений Коренев назар дод
2024-04-23T16:33+0500
2024-04-23T16:33+0500
2024-04-23T17:44+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
ииао
рушд
зиёд шуд
ӯзбекистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204953_146:485:2925:2048_1920x0_80_0_0_82fa1a66501498c0d6c3fb880bb17f3c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасдиқи муваффақияти ин созмон хоҳад буд. Ин андешаро номзади илмҳои таърих, коршиноси Пажуҳишгоҳи масоили актуалӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии ВКХ Русия, Евгений Коренев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.Ба андешаи коршинос, як қатор сохторҳои номатлуб бо аҳолӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, барои эҷоди муносибати манфӣ нисбат ба ИИАО кор мекунанд. "Аз ин рӯ, кишварҳои ИИАО низ дар навбати худ бояд рӯзномаи иттилоотиро ба таври муайян таҳия кунанд, то дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки мо бо онҳо фаъолона ҳамкорӣ дорем, равандҳои манфие набошанд, ки ба рӯҳияи сокинон таъсири манфӣ расонанд", - гуфт Коренев. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.Дар миёнаҳои моҳи август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240422/uzviyati-tojikiston-iiao-muhojiron-tasir-1062594987.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204953_2:483:1921:1922_1920x0_80_0_0_eb0ea74944913d0308766375a0c60f20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
узв, тоҷикистон, ӯзбекистон, ииао, номзад, илм, таърих
узв, тоҷикистон, ӯзбекистон, ииао, номзад, илм, таърих
Кӣ узвияти Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар ИИАО намехоҳад? Посухи коршинос
16:33 23.04.2024 (Навсозишуда: 17:44 23.04.2024) Дар мавриди он, ки шомил шудани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба кӣ писанд нест, номзади илмҳои таърих Евгений Коренев назар дод
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасдиқи муваффақияти ин созмон хоҳад буд.
Ин андешаро номзади илмҳои таърих, коршиноси Пажуҳишгоҳи масоили актуалӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии ВКХ Русия, Евгений Коренев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
"Фишори муайяне аз берун вуҷуд дорад, ки на ҳама мехоҳанд ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ИИАО шомил шаванд, ин як навъ тасдиқи муваффақияти иттиҳод хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Ба андешаи коршинос, як қатор сохторҳои номатлуб бо аҳолӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, барои эҷоди муносибати манфӣ нисбат ба ИИАО кор мекунанд.
"Аз ин рӯ, кишварҳои ИИАО низ дар навбати худ бояд рӯзномаи иттилоотиро ба таври муайян таҳия кунанд, то дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки мо бо онҳо фаъолона ҳамкорӣ дорем, равандҳои манфие набошанд, ки ба рӯҳияи сокинон таъсири манфӣ расонанд", - гуфт Коренев.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.
Дар миёнаҳои моҳи август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.