https://sputnik.tj/20240427/isfara-diktant-ghalaba-navishtand-1062657227.html
Дар Исфара "Диктанти Ғалаба" навиштанд
Дар Исфара "Диктанти Ғалаба" навиштанд
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 100 нафар намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон дар чорабинии байналмиллалии "Диктанти Ғалаба" ширкат варзиданд
2024-04-27T16:00+0500
2024-04-27T16:00+0500
2024-04-27T16:00+0500
дар тоҷикистон
маориф
диктанти умумӣ
ғалаба
пирӯзӣ
ғалаба
рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1b/1062655304_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_986bad2da76266569c44a9bcdf40d8dc.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Дар мактаби байналмилалии "Контакт"-и шаҳри Исфара дар мавзӯи давраҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони "Диктанти Ғалаба" навишта шуд. Чорабинӣ дар фазои дӯстона баргузор шуда, дар он намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд, гуфт раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттиҳодияҳои ҳамватанон (КСОРС) Людмила Темирова ба Sputnik Тоҷикистон. "Дар қатори иштирокдорон ходимони ҷамъиятӣ, омӯзгорон, директорони макотиб, собиқадорони меҳнат, собиқадорони интернатсионалист, намояндагони ВАО ва толибилмони синфҳои болоӣ низ буданд", - гуфт Темирова. Тақсими лентаи георгӣ ва диктанти пирӯзӣ аз чорабиниҳои асосӣ гуфта мешаванд, ки ҳамасола бо наздик шудани рӯзи 9 май иди Ғалаба дар Русия ва кишварҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон доир карда мешавад. Соли равон диктанти байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 17 мавзеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Исфара, Бохтар, Кӯлоб ва Панҷакент баргузор шуд.Иди Ғалаба ба ҳисоби Русия дар мамолиқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо тантана аз ҷумла бо доир кардани гузашти ҳарбӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол 79 - умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аст.
https://sputnik.tj/20240427/hazor-nafar-tojikiston-diktant-ghalaba-1062654608.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1b/1062655304_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_88c42c2656bac8a24cd290b54133d57e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғалаба, диктант, исфара, тоҷикистон, ғалаба
ғалаба, диктант, исфара, тоҷикистон, ғалаба
Дар Исфара "Диктанти Ғалаба" навиштанд
Беш аз 100 нафар намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон дар чорабинии байналмиллалии "Диктанти Ғалаба" ширкат варзиданд
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Дар мактаби байналмилалии "Контакт"-и шаҳри Исфара дар мавзӯи давраҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони "Диктанти Ғалаба" навишта шуд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона баргузор шуда, дар он намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд, гуфт раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттиҳодияҳои ҳамватанон (КСОРС) Людмила Темирова ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар қатори иштирокдорон ходимони ҷамъиятӣ, омӯзгорон, директорони макотиб, собиқадорони меҳнат, собиқадорони интернатсионалист, намояндагони ВАО ва толибилмони синфҳои болоӣ низ буданд", - гуфт Темирова.
Тақсими лентаи георгӣ ва диктанти пирӯзӣ аз чорабиниҳои асосӣ гуфта мешаванд, ки ҳамасола бо наздик шудани рӯзи 9 май иди Ғалаба дар Русия ва кишварҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон доир карда мешавад.
Соли равон диктанти байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 17 мавзеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Исфара, Бохтар, Кӯлоб ва Панҷакент баргузор шуд.
Иди Ғалаба ба ҳисоби Русия дар мамолиқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо тантана аз ҷумла бо доир кардани гузашти ҳарбӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол 79 - умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аст.