https://sputnik.tj/20240427/hazor-nafar-tojikiston-diktant-ghalaba-1062654608.html
Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон "Диктанти Ғалаба" навиштанд
Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон "Диктанти Ғалаба" навиштанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар диктанти таърихии умумирусиягӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон одамони синни гуногун - аз мактаббачагон то нафакахурон иштирок карданд 27.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-27T12:56+0500
2024-04-27T12:56+0500
2024-04-27T13:08+0500
дар тоҷикистон
маориф
хона
мактаби русӣ
диктанти умумӣ
ҷбв
иди ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1b/1062655282_0:22:1280:742_1920x0_80_0_0_1f04a588905bc0d6b4330da8652ae0df.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор нафар барои навиштани "Диктанти Ғалаба" омадаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии "Россотрудничество" дар Душанбе хабар додааст. Диктанти байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 17 мавзеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Исфара, Бохтар, Кӯлоб ва Панҷакент баргузор шуд. Дар он на камтар аз 2 ҳазор нафар - ҳамватанон ва низомиёни рус, мактаббачагон, донишҷӯён, омӯзгорон, иштирокчиёни лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" ва ҳамчунин ҳар нафаре, ки мавзӯи ҳифзи ҳақиқати таърихӣ барояшон муҳим аст, ширкат карданд. Дар чорабинӣ одамони синну солашон гуногун - аз мактаббачагон cap карда, то нафақахурон иштирок карданд. Мавзуи асосии диктант озод кардани Ленингради муҳосирашуда, инчунин иштироки сокинони Тоҷикистон дар мудофиаи шаҳр буд. Дар байни вазифаҳо аз ҷумла суол дар мавриди қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, зодаи Суғд Туйчӣ Эрҷигитов буд, ки моҳи октябри соли 1943 корнамоии абадзиндаи Александр Матросовро такрор кардааст. Аксияи мазкур дар донишгоҳҳо, мактабҳо, марказҳои нави омӯзиши забони русӣ ва дар "Хонаи русӣ"-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.Аксияи "Диктанти Ғалаба" 26 апрел оғоз ёфт. Он дар 89 минтақаи Русия ва 60 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20240421/sanjishi-sarosari-rusidoni-tojikiston-barguzor-1062582699.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1b/1062655282_124:0:1261:853_1920x0_80_0_0_d2b7fa43c11d05f9a643eab72eb45f6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, хона, мактаби русӣ, диктанти умумӣ, ҷбв, иди ғалаба
дар тоҷикистон, маориф, хона, мактаби русӣ, диктанти умумӣ, ҷбв, иди ғалаба
Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон "Диктанти Ғалаба" навиштанд
12:56 27.04.2024 (Навсозишуда: 13:08 27.04.2024) Дар диктанти таърихии умумирусиягӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон одамони синни гуногун - аз мактаббачагон то нафакахурон иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор нафар барои навиштани "Диктанти Ғалаба" омадаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии "Россотрудничество" дар Душанбе хабар додааст.
Диктанти байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 17 мавзеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Исфара, Бохтар, Кӯлоб ва Панҷакент баргузор шуд.
Дар он на камтар аз 2 ҳазор нафар - ҳамватанон ва низомиёни рус, мактаббачагон, донишҷӯён, омӯзгорон, иштирокчиёни лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" ва ҳамчунин ҳар нафаре, ки мавзӯи ҳифзи ҳақиқати таърихӣ барояшон муҳим аст, ширкат карданд.
Дар чорабинӣ одамони синну солашон гуногун - аз мактаббачагон cap карда, то нафақахурон иштирок карданд. Мавзуи асосии диктант озод кардани Ленингради муҳосирашуда, инчунин иштироки сокинони Тоҷикистон дар мудофиаи шаҳр буд.
Дар байни вазифаҳо аз ҷумла суол дар мавриди қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, зодаи Суғд Туйчӣ Эрҷигитов буд, ки моҳи октябри соли 1943 корнамоии абадзиндаи Александр Матросовро такрор кардааст.
Аксияи мазкур дар донишгоҳҳо, мактабҳо, марказҳои нави омӯзиши забони русӣ ва дар "Хонаи русӣ"-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Аксияи "Диктанти Ғалаба" 26 апрел оғоз ёфт. Он дар 89 минтақаи Русия ва 60 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.