https://sputnik.tj/20240426/sobiq-rais-dushanbe-maqomdor-kulob-badakhshon-1062641011.html
Даргузашти собиқ раиси Душанбе ва мақомдор дар Кӯлобу Бадахшон
Даргузашти собиқ раиси Душанбе ва мақомдор дар Кӯлобу Бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ шаҳрдори Душанбе дар соли 84-уми умраш дар шаҳри Маскав дар роҳ ба беморхона бар асари бемориҳои рагу дил даргузаштааст, хабар додан расонаҳо 26.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-26T14:10+0500
2024-04-26T14:10+0500
2024-04-26T14:26+0500
дар тоҷикистон
русия
даргузашт
мақом
мансаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1a/1062641340_0:0:1628:915_1920x0_80_0_0_8cc5b32d11d6a84c0845a3476ff99fc8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ходими давлатии Тоҷикистон, собиқ ноиби аввали сарвазири ҷумҳур, Юрий Поносов дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт. Поносов, ки зодаи вилояти Чита мебошад, баъди хатми Донишкадаи муҳандисии Тошканд дар аввали солҳои 60-уми асри гузаштаа ба кор дар Тоҷикистони шӯравӣ пардохтаст. Вай фаъолиятро ҳамчун корманди бахши сохтмони ноҳияи Орҷоникидзобод, феълан шаҳри Ваҳдат оғоз карда, баъдан ба кори ҳизбӣ гузаштааст. Поносов ба ҳайси котиби аввали кумитаи ҳизбии Кӯлоб ва ВМКБ кор карда, нахустин вазири сохтмони Тоҷикистони замони истиқлол буд. Узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистони шӯравӣ будаст. Аз соли 1994 то соли 1996 шаҳрдори Душанбе буд, ки баъдан ба ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоев таъйин гардид. Аз марти 1996 то феврали соли 1998 дар мақоми муовини аввали сарвазири Тоҷикистон кор карда, баъди барканорӣ ба Маскав рафт. Фаъолияташро дар Маскав идома дода, аз соли 1998 то 2001 сардори раёсати корҳои Госстройи Русия буд. Дар давоми фаъолияти пурмаҳсулаш ҷоизаҳои зиёди мукофоти давлатиро ба даст овардааст,
https://sputnik.tj/20240408/darguzasht-ustodi-voleybolbozon-tojikiston-1062382542.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/1a/1062641340_91:0:1531:1080_1920x0_80_0_0_f0599e99b5cea03007953b65cac1bb57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, даргузашт, мақом, мансаб
дар тоҷикистон, русия, даргузашт, мақом, мансаб
Даргузашти собиқ раиси Душанбе ва мақомдор дар Кӯлобу Бадахшон
14:10 26.04.2024 (Навсозишуда: 14:26 26.04.2024) Собиқ шаҳрдори Душанбе дар соли 84-уми умраш дар шаҳри Маскав дар роҳ ба беморхона бар асари бемориҳои рагу дил даргузаштааст, хабар додан расонаҳо
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ходими давлатии Тоҷикистон, собиқ ноиби аввали сарвазири ҷумҳур, Юрий Поносов дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт.
Поносов, ки зодаи вилояти Чита мебошад, баъди хатми Донишкадаи муҳандисии Тошканд дар аввали солҳои 60-уми асри гузаштаа ба кор дар Тоҷикистони шӯравӣ пардохтаст.
Вай фаъолиятро ҳамчун корманди бахши сохтмони ноҳияи Орҷоникидзобод, феълан шаҳри Ваҳдат оғоз карда, баъдан ба кори ҳизбӣ гузаштааст. Поносов ба ҳайси котиби аввали кумитаи ҳизбии Кӯлоб ва ВМКБ кор карда, нахустин вазири сохтмони Тоҷикистони замони истиқлол буд.
Узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистони шӯравӣ будаст.
Аз соли 1994 то соли 1996 шаҳрдори Душанбе буд, ки баъдан ба ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоев таъйин гардид.
Аз марти 1996 то феврали соли 1998 дар мақоми муовини аввали сарвазири Тоҷикистон кор карда, баъди барканорӣ ба Маскав рафт.
Фаъолияташро дар Маскав идома дода, аз соли 1998 то 2001 сардори раёсати корҳои Госстройи Русия буд.
Дар давоми фаъолияти пурмаҳсулаш ҷоизаҳои зиёди мукофоти давлатиро ба даст овардааст,