Хатари наздикӣ бо ғарбу суди дӯстӣ бо Русия: Ширинов аз зарурати ҳамгироӣ гуфт

© SputnikРуководитель группы "Парем" Олим Ширинов в гостях у Sputnik Таджикистан
Руководитель группы Парем Олим Ширинов в гостях у Sputnik Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Обуна шудан
Ғарб, аз ҷумла Бритониё, ки эҳсоси шикаст дар самти ғарбӣ доранд, талош мекунанд, нуктаҳои дигари низоъ ташкил кунанд, то Русияро ба он тараф ҷалб созанд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Агар ду ирландӣ ҷанҷол кунанд, пас шабона англисе меҳмонашон будаст, зикр кард, рӯзноманигор ва соҳибкори тоҷик, Олим Ширинов дар шарҳи боздиди вазири корҳои хориҷии Бритониё, Дэвид Кэмерон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Ширинов дар доираи муаррифии созмони ғайритиҷоратии "Авруосиё" дар Маскав гуфт, шояд Бритониё ҳавои эҳёи Бозии бузургро дар сар мепарварад, чун дарк мекунанд, ки дар Ғарб бой дода истодаанд. Талоши ташкили нукоти ҷадиди низоъ доранд, то таваҷҷуҳи Русияро ба дигар ҷой баранд, изҳор дошт ӯ.
Президент Владимир Путин принял участие в ежегодном расширенном заседании коллегии МВД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Путин хатарҳо ба амнияту роҳи таҳкими истиқлолро эълон кард
Вай дар идома аз суди ҳамгироӣ дар минтақа дар доираи созмонҳои монанд ба СҲШ, ИДМ ва ИИАО гуфт.
"Нерӯ дар иттиҳод аст. Меҳвари ин ҳамгироӣ Русия мебошад. Ин фаҳмиш вуҷуд дорад, ки истиқлоли ин кишварҳо истисноан дар сурати дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамсоядории нек бо Русия имкон пазир аст", - гуфт Ширинов.
Вай ҳамчунин аз мисолҳои номуваффақи кишварҳое зикр намуд, ки алайҳи Русия иқдом кардаанду Украинаи як замон кишвари дӯстро намуна хонд.
Лентаи хабарҳо
0