https://sputnik.tj/20240426/hushdor-az-du-ruzi-khatarzo-dar-tojikiston-1062641597.html
Ҳушдор аз ду рӯзи хатарзо дар Тоҷикистон
Ҳушдор аз ду рӯзи хатарзо дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки сокинони ҷумҳуриро ду рӯзи ҳавои номусоид интизор буда, хатари сар задани офати табиӣ зиёд аст
2024-04-26T15:15+0500
2024-04-26T15:15+0500
2024-04-26T15:15+0500
дар тоҷикистон
кҳф
хатар
ярч
сел
гулу гиёҳ
моҳӣ
чарогоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:76:1032:657_1920x0_80_0_0_e73734ded04a631b463bf86d36602618.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Рӯзҳои 27 - 28 апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ноустувории обуҳаво боқӣ монда, эҳтимоли селу обхезӣ вуҷуд дорад. Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод. Манбаъ афзуд, ки боришоти борон дар назар буда, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барфу борон пешгӯӣ мешавад. "Дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат меборад", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки ба истисно аз ВМКБ, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест."Рӯзҳои 27 то 29 апрел дар баъзе минтақаҳои НТҶ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад", - ҳушдор додаанд ҳавошиносон. Таъкид шудаст, ки дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.Бо назардошти ин пешгӯиҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба таври қатъӣ ба аҳолӣ ҳушдор медиҳад, ки то 30 апрел, то коҳиши хатари фаромадани сел ва ярч аз рафтан ба чарогоҳҳои кӯҳӣ, моҳидорӣ ва гиёҳчинӣ худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20240422/oghoz-garmi-marg-miri-nigaronkunandai-kudakon-tojikiston-1062588683.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049352788_0:0:1032:774_1920x0_80_0_0_2ce7cf9879f71dbaa87b262be8303baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, ҳаво, номусоид, тоҷикистон, офат, табиӣ
ҳушдор, ҳаво, номусоид, тоҷикистон, офат, табиӣ
Ҳушдор аз ду рӯзи хатарзо дар Тоҷикистон
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки сокинони ҷумҳуриро ду рӯзи ҳавои номусоид интизор буда, хатари сар задани офати табиӣ зиёд аст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Рӯзҳои 27 - 28 апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ноустувории обуҳаво боқӣ монда, эҳтимоли селу обхезӣ вуҷуд дорад.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки боришоти борон дар назар буда, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барфу борон пешгӯӣ мешавад.
"Дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат меборад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки ба истисно аз ВМКБ, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
"Рӯзҳои 27 то 29 апрел дар баъзе минтақаҳои НТҶ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад", - ҳушдор додаанд ҳавошиносон.
Таъкид шудаст, ки дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Бо назардошти ин пешгӯиҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба таври қатъӣ ба аҳолӣ ҳушдор медиҳад, ки то 30 апрел, то коҳиши хатари фаромадани сел ва ярч аз рафтан ба чарогоҳҳои кӯҳӣ, моҳидорӣ ва гиёҳчинӣ худдорӣ кунанд.