https://sputnik.tj/20240422/oghoz-garmi-marg-miri-nigaronkunandai-kudakon-tojikiston-1062588683.html
Фоҷиа дар рӯзҳои истироҳат: ғарқшавиҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон бо оғози гармӣ
Фоҷиа дар рӯзҳои истироҳат: ғарқшавиҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон бо оғози гармӣ
Sputnik Тоҷикистон
Тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 6 нохушӣ дар обҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 5 нафар ба ҳалокат расида, ҷустуҷӯи нафари шашум идома дорад
2024-04-22T10:18+0500
2024-04-22T10:18+0500
2024-04-22T10:19+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
гарм
мавсим
шиноварӣ
ғарқ
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/26/1022932639_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_736e0d1102480b5c8bc166ff7e1df560.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳолатҳои марги кӯдакон дар обҳои Тоҷикистон бар асари беназоратии волидон рух медиҳанд, изҳор доштааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ. Аз миёни 6 нафаре, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ё бедарак гардидаанд, 5 нафарашон кӯдаконанд, иттилоъ дод КҲФ. Манбаъ афзуд, ки феълан ҷустуҷӯи кӯдаки дусола дар ноҳияи Шаҳритус, ки аз хона баромада, ба гуфтаи наздикон эҳтимол дар канал ғарқ шудаст, идома дорад. Истироҳати писари 17-солаи шаҳри Бохтар дар соҳили дарёи Вахш дар ҳудуди шаҳри Левакант низ бо ғарқшавияш анҷомидаст. Духтари навраси 17-сола низ дар ноҳияи Рашт бо сабабҳои номаълум аз пули Сари пул ба дарёи Сурхоб афтидаст. Духтарчаи 6-сола дар ноҳияи Шаҳринав низ ба селпарто афтида, ба ҳалокат расидааст. Чунин як фоҷиа бо духтарчаи дигари 10-сола дар шаҳри Турсунзода рух додаст. Нохушии шашум дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қайд гирифта шудаст, ки зани 60-сола ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарёи Сир афтида, ғарқ шудааст. КҲФ ҳушдор додаст, ки бо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, сокинон метавонанд ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар гузоранд.Ин ниҳод шиноварӣ дар ҷойҳои махсус ҷудошударо тавсия дода, дар ҳолати мастӣ, беморӣ ва дар дохили обҳое, ки алаф ва лой доранд шиновариро хатарнок хондааст.
https://sputnik.tj/20220720/shinovari-behkatar-tojikiston-1050125410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/26/1022932639_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_191671763840fd493c96351b763ecf02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқ, кӯдак, ҳалокат, нафар, шашум
ғарқ, кӯдак, ҳалокат, нафар, шашум
Фоҷиа дар рӯзҳои истироҳат: ғарқшавиҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон бо оғози гармӣ
10:18 22.04.2024 (Навсозишуда: 10:19 22.04.2024) Тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 6 нохушӣ дар обҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 5 нафар ба ҳалокат расида, ҷустуҷӯи нафари шашум идома дорад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳолатҳои марги кӯдакон дар обҳои Тоҷикистон бар асари беназоратии волидон рух медиҳанд, изҳор доштааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ.
Аз миёни 6 нафаре, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ё бедарак гардидаанд, 5 нафарашон кӯдаконанд, иттилоъ дод КҲФ.
Манбаъ афзуд, ки феълан ҷустуҷӯи кӯдаки дусола дар ноҳияи Шаҳритус, ки аз хона баромада, ба гуфтаи наздикон эҳтимол дар канал ғарқ шудаст, идома дорад.
Истироҳати писари 17-солаи шаҳри Бохтар дар соҳили дарёи Вахш дар ҳудуди шаҳри Левакант низ бо ғарқшавияш анҷомидаст.
Духтари навраси 17-сола низ дар ноҳияи Рашт бо сабабҳои номаълум аз пули Сари пул ба дарёи Сурхоб афтидаст. Духтарчаи 6-сола дар ноҳияи Шаҳринав низ ба селпарто афтида, ба ҳалокат расидааст. Чунин як фоҷиа бо духтарчаи дигари 10-сола дар шаҳри Турсунзода рух додаст.
Нохушии шашум дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қайд гирифта шудаст, ки зани 60-сола ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарёи Сир афтида, ғарқ шудааст.
КҲФ ҳушдор додаст, ки бо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, сокинон метавонанд ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар гузоранд.
Ин ниҳод шиноварӣ дар ҷойҳои махсус ҷудошударо тавсия дода, дар ҳолати мастӣ, беморӣ ва дар дохили обҳое, ки алаф ва лой доранд шиновариро хатарнок хондааст.