https://sputnik.tj/20240426/hamkori-sohibkoron-iiao-tahkim-1062640653.html
Ҳамкории соҳибкорон дар ИИАО таҳким меёбад
Ҳамкории соҳибкорон дар ИИАО таҳким меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё азм дорад, тарҳҳои муштаракро сармоягузории бештар кунад ва доираҳои соҳибкориро даъват намуд, ки дар ин самт фаъолтар бошанд
2024-04-26T12:58+0500
2024-04-26T12:58+0500
2024-04-26T13:16+0500
ииао
иқтисод
соҳибкор
тиҷорат
иттиҳоди иқтисодии уросиё
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_0:156:3088:1893_1920x0_80_0_0_a0391f5d35aa86735e1e11e02370af93.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Барои беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар ИИАО таъсири танзими фаромиллӣ ба шароити соҳибкорӣ арзёбӣ мешавад, заминаи ҳуқуқӣ пайваста такмил дода мешавад ва монеаҳо дар тиҷорати мутақобила бартараф мегарданд. Ин нуктаро раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бақитжан Сагинтаев, дар ҳамоиши саноатчиёну соҳибкорони Русия баён дошт. Ӯ аз самти афзалиятноки ҳамгироии авруосиёӣ гуфта, ташкили муколамаи доираҳои тиҷоратии давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро муҳим хонд. Ба гуфтаи вай, ИИАО азм дорад, тарҳҳои муштаракро дар доираи иттиҳодия сармоягузории бештар кунад ва доираҳои соҳибкориро даъват намуд, ки дар ин самт фаъолтар бошанд. "Дар маҷмӯъ кори Комиссия ба фароҳам овардани шароит барои истифодаи самараноки иқтидори ҳамгироии ИИАО аз ҷониби соҳибкорони кишварҳои мо нигаронида шудааст. Мо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо соҳибкорӣ манфиатдорем", - изҳор дошт Сагинтаев.Қаблан эълон шуда буд, ки ҳамкориҳои байни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОСиё бештар маблағгузорӣ хоҳанд шуд.Бо ин мақсад, иттиҳодия 1,8 млрд рубл ҷудо мекунад, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач.Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир боиси ҳавасмандии истеҳсолоти дохилӣ дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад.Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
https://sputnik.tj/20240425/vaziri-kiao-durnamo-energetiki-iiao-tamoul-muosir-inobat-1062633316.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061205909_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_a55459ce086529fac12a3aebae5bee10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
соҳибкорон, таҳким, ҳамкорӣ, итиҳоди иқтисодии авруосиё
соҳибкорон, таҳким, ҳамкорӣ, итиҳоди иқтисодии авруосиё
Ҳамкории соҳибкорон дар ИИАО таҳким меёбад
12:58 26.04.2024 (Навсозишуда: 13:16 26.04.2024) Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё азм дорад, тарҳҳои муштаракро сармоягузории бештар кунад ва доираҳои соҳибкориро даъват намуд, ки дар ин самт фаъолтар бошанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Барои беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар ИИАО таъсири танзими фаромиллӣ ба шароити соҳибкорӣ арзёбӣ мешавад, заминаи ҳуқуқӣ пайваста такмил дода мешавад ва монеаҳо дар тиҷорати мутақобила бартараф мегарданд.
Ин нуктаро раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бақитжан Сагинтаев, дар ҳамоиши саноатчиёну соҳибкорони Русия баён дошт.
Ӯ аз самти афзалиятноки ҳамгироии авруосиёӣ гуфта, ташкили муколамаи доираҳои тиҷоратии давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро муҳим хонд.
Ба гуфтаи вай, ИИАО азм дорад, тарҳҳои муштаракро дар доираи иттиҳодия сармоягузории бештар кунад ва доираҳои соҳибкориро даъват намуд, ки дар ин самт фаъолтар бошанд.
"Дар маҷмӯъ кори Комиссия ба фароҳам овардани шароит барои истифодаи самараноки иқтидори ҳамгироии ИИАО аз ҷониби соҳибкорони кишварҳои мо нигаронида шудааст. Мо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо соҳибкорӣ манфиатдорем", - изҳор дошт Сагинтаев.
Қаблан эълон шуда буд, ки ҳамкориҳои байни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОСиё бештар маблағгузорӣ хоҳанд шуд.Бо ин мақсад, иттиҳодия 1,8 млрд рубл ҷудо мекунад, гуфт муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир боиси ҳавасмандии истеҳсолоти дохилӣ дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, кишварҳо азм доранд, ки онро дар тамоми бахшҳо аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ амалӣ гардонанд.
Озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад, таъкид мекунанд масъулини КИАО.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.