Вазири КИАО: Дурнамои энергетикии ИИАО бояд тамоюлҳои муосирро ба инобат гирад

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии Риа-Новости / Гузариш ба медиабонкЕАЭС 2023. Работа форума
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2024
Обуна шудан
Сухан дар бораи зарурияти давра ба давра тартиб додани нақшаи комплексии карбонзудоӣ ва зиёд кардани самараи энергетикии иктисодиёти иттифок меравад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дурнамои энергетикии ИИАО бояд тамоюлҳои муосирро ба назар бигирад.
Дар ин бора вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Қожошев хабар дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КИАО.
Дар Маскав таҳти раёсати ӯ бо иштироки ҷомеаҳои илмӣ ва тиҷоратии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мизи мудаввари байналмилалӣ оид ба дурнамои рушди комплекси сӯзишворию энергетикии кишварҳои созмон дар соҳа баргузор гардид.
Ин нишаст ба сарфаи энергия, экология ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дахли бештар кард.
Кожошев зарурияти тадриҷан тартиб додани нақшаи ҳамаҷонибаи карбонзудоӣ ва зиёд кардани самараи энергетикии иқтисодиёти ҳар як давлати иттифоқро қайд намуд.
Диққат ба дурнамои рушди кам-карбон дар комплекси сӯзишворию энергетикии кишварҳои "панҷ"-и Авруосиё, масъалаҳои додани шаҳодатномаҳои сабз ҳамчун механизми ҳавасмандгардонии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва бисёр чизҳои дигар дода шуд.
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Мушкили истеҳсолкунандаҳо ҳангоми иваз кардани ҷойномҳо дар ИИАО ҳал карда шуд
Иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи карбонзудоӣ сухан ронда, ба масъалаҳои интиқоли энергетикӣ дар кишварҳои минтақаи Осиё (Чин, Ҳиндустон, Ҷопон), рӯзномаи конфронси навбатии ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим ва ояндаи инкишофи системаи савдои партовҳо.
Онҳо инчунин масъалаҳои рушди энергетикаи атомӣ ва чораҳои дастгирии лоиҳаҳои сабз дар Чин, лоиҳаҳои рушди энержии офтобӣ дар Ҳиндустон, намунаҳои ҳамкориҳои давлатҳои ИИАО ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи истеҳсоли энергияи тозаро муфассал баррасӣ карданд.
Дар натиҷаи мизи мудаввар иштирокчиён изҳороти муштарак қабул карданд, ки дар он зарурати тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои созмон дар соҳаи энергияи барқароршаванда таъкид гардида, иқтидори назарраси тавсеаи ҳамгироӣ дар соҳаи сарфаи энергия, экология ва инкишофи манбаъхои баркароршавандаи энергия қайд карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0