Сабти довталабон барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон оғоз мешавад

© Sputnik / Алексей МальгавкоДиктант
Диктант - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки шумораи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар умум 47 ададро ташкил дода, дар онҳо 154 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Шурӯъ аз санаи 1-уми март қабули ҳуҷаттҳои довталабон барои дохил шудан ба макотиби оливу миёнаи касбии кишвар оғоз мешавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Маркази миллии тестии назди президенти кишвар хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ сар аз санаи 1-уми март дар 43 шаҳру навоҳии кишвар нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ амал хоҳанд кард.
Гуфта мешавад шумораи чунин нуқтаҳо дар умум 47 ададро ташкил дода дар онҳо 154 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин аз ММТ гуфтанд, ки дар 16 шаҳру навоҳии дигари кишвар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ амал менамоянд.
Студенты на лекции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2024
Дар ИИАО дипломҳои ҳуқуқшиносию омӯзгории кишварҳои узв эътироф мешаванд: Тиббӣ чӣ?
Ҳамчунин Маркази миллии тестӣ эълон кардаст, ки бо мақсади қаблан номнавис шудани довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар хидматрасонии “Пешномнависӣ”-ро ба роҳ мондааст.
"Хизматрасонии мазкур имсол низ аз 24-уми феврал дар сомонаи Марказ фаъол мегардад, ки довталабон ба воситаи он метавонанд худро тибқи талаботи пешбинигардида аз тариқи онлайн пешакӣ ба қайд гиранд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки пешномнависӣ барои осон кардани раванди бақайдгирии довталабон ва сарфа кардани вақти онҳо пешбинӣ намудааст.
Довталабро лозим аст, ки баъди номнавис шудан тавассути ин хидматрасонӣ барои расман аз қайд гузаштан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шахсан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, илова намуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки сар аз соли 2014 дохилшавӣ ба макотибҳои олии кишвар имтиҳоноти қабул тариқи Маркази миллии тестӣ ҷорӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0