https://sputnik.tj/20240424/ogohinoma-rosobrnadzor-donishgoh-rusiya-sanjishi-donish-1062618854.html
Огоҳиномаи Рособрнадзор ба донишгоҳҳои Русия дар мавриди санҷиши дониши муҳоҷирон
Огоҳиномаи Рособрнадзор ба донишгоҳҳои Русия дар мавриди санҷиши дониши муҳоҷирон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия онҳое, ки довталаби гирифтани патент, иҷозатномаи иқомати доимӣ ва ё муваққатӣ мебошанд, аз забони русӣ, ҳуқуқ ва таърихи кишвар имтиҳон месупоранд 24.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-24T16:50+0500
2024-04-24T16:50+0500
2024-04-24T16:50+0500
огоҳӣ
муҳоҷират
хатар
санҷиш
забони русӣ
таърих
ҳуқуқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061215803_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ff41a50ed3b89f44d9408007e3b18b07.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мақомоти назорати бахши маорифи Русия - "Рособрнадзор" ба ҳашт донишгоҳ дар бораи имтиҳонҳои муҳоҷирон огоҳинома фиристодааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ин идора хабар дода, аз риояи нашудани меъёрҳо дар санҷишҳо гуфтаст. "Рособрнадзор ба 8 донишгоҳ барои пешгирии нақзи талаботи ҳатмӣ зимни баргузории имтиҳонҳои хориҷӣ аз забони русӣ ҳамчун, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ҳушдор дод", - гуфт манбаъ. Ба гуфтаи ин ин ниҳод, огоҳӣ аз ҷумла ба Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин дода шудаст. Инчунин дар ин феҳраст Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи Герсен, Донишгоҳи давлатии Псков, Донишгоҳи илм ва технологияи Уфа, Донишгоҳи давлатии Томск ва Маркази сифати таҳсилоти Маскав зикр шудаанд. Қаблан Кумитаи тафтишот хабар дода буд, ки мақомот 5 нафар, аз ҷумла кормандони Донишкадаи ба номи Пушкинро боздошт кардаанд, ки дар додани ғайриқонунии шаҳодатномаҳои донистани забони русӣ барои муҳоҷирон барои дарёфти иҷозаи иқомат даст доранд. Пас аз чанд рӯз Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз барканории ректори Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин хабар дод ва онро бо далелҳои ошкоршудаи назорати нодурусти тартиби гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ рабт дод.
https://sputnik.tj/20240418/rusiya-qoidaho-nav-imtihonho-muhojiron-1062533448.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061215803_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_b45d99c49b2922b739c40975963d51bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
огоҳӣ, муҳоҷират, хатар, санҷиш, забони русӣ, таърих, ҳуқуқ
огоҳӣ, муҳоҷират, хатар, санҷиш, забони русӣ, таърих, ҳуқуқ
Огоҳиномаи Рособрнадзор ба донишгоҳҳои Русия дар мавриди санҷиши дониши муҳоҷирон
Дар Русия онҳое, ки довталаби гирифтани патент, иҷозатномаи иқомати доимӣ ва ё муваққатӣ мебошанд, аз забони русӣ, ҳуқуқ ва таърихи кишвар имтиҳон месупоранд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мақомоти назорати бахши маорифи Русия - "Рособрнадзор" ба ҳашт донишгоҳ дар бораи имтиҳонҳои муҳоҷирон огоҳинома фиристодааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин идора хабар дода, аз риояи нашудани меъёрҳо дар санҷишҳо гуфтаст.
"Рособрнадзор ба 8 донишгоҳ барои пешгирии нақзи талаботи ҳатмӣ зимни баргузории имтиҳонҳои хориҷӣ аз забони русӣ ҳамчун, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ҳушдор дод", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ин ин ниҳод, огоҳӣ аз ҷумла ба Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин дода шудаст.
Инчунин дар ин феҳраст Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи Герсен, Донишгоҳи давлатии Псков, Донишгоҳи илм ва технологияи Уфа, Донишгоҳи давлатии Томск ва Маркази сифати таҳсилоти Маскав зикр шудаанд.
Қаблан Кумитаи тафтишот хабар дода буд, ки мақомот 5 нафар, аз ҷумла кормандони Донишкадаи ба номи Пушкинро боздошт кардаанд, ки дар додани ғайриқонунии шаҳодатномаҳои донистани забони русӣ барои муҳоҷирон барои дарёфти иҷозаи иқомат даст доранд.
Пас аз чанд рӯз Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз барканории ректори Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин хабар дод ва онро бо далелҳои ошкоршудаи назорати нодурусти тартиби гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ рабт дод.