https://sputnik.tj/20240422/lavrov-khatar-barkhurdi-abarqudrat-hastairo-arzyobi-1062594252.html
Лавров хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро арзёбӣ кард
Лавров хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
"Сегона"-и кишварҳои ҳастаии ғарбӣ аз сарпарастони аслии Киев ҳастанд, нигаронии хоса дорад ва Маскав инро як хатари ҷиддии стратегӣ медонад
2024-04-22T14:30+0500
2024-04-22T14:30+0500
2024-05-06T12:52+0500
сиёсат
дар русия
сергей лавров
амният ва мудофиа
ҳастаӣ
конфронс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061758955_0:0:3344:1881_1920x0_80_0_0_ef4b31624ff3c809a7f1929f22f2e0ed.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ғарб дар партави пуштибониаш аз Украина хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро дар остона қарор додаст, ки пайомадҳои фалокатбор дорад. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни муроҷиати видеоияш ба иштирокдорони конфронси Маскав дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ баён доштаст. Ба гуфтаи вай, он далел, ки "сегона"-и кишварҳои ҳастаии ғарбӣ аз сарпарастони аслии Киев ҳастанд, нигаронии хоса дорад. Маскав инро як хатари ҷиддии стратегӣ медонад, ки боиси афзоиши сатҳи хатари ҳастаӣ мешавад, афзуд Лавров. Вай қайд кард, ҳоло дар ҷаҳон буҳрони низоми назорати аслиҳа ва пешгирии паҳннашавии силоҳи ҳастаӣ ба мушоҳида мерасад. "Дунё буҳрони низоми маҳдудсозию пешгирии паҳншавии силоҳи ҳастаиро шоҳид аст, ки аз таназзули бесобиқа дар соҳаи амнияти байналхалқиро инъикос мекунад", - изҳор дошт ӯ. Конфронси Маскав дар масъалаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ яке аз машҳуртарин пойгоҳҳои мубоҳисаи байналхалқӣ дар масоили мубрами паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ, назорати яроқ ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ бо ҳадафҳои осоишта мебошад.
https://sputnik.tj/20240422/volodin-vashington-piruzii-kiev-bovar-1062588899.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/13/1061758955_251:0:2982:2048_1920x0_80_0_0_ea365965e8a7bf3bcdae4f089ed0c8d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, сергей лавров, даргирӣ, стратегӣ, ҷиддӣ
маскав, сергей лавров, даргирӣ, стратегӣ, ҷиддӣ
Лавров хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро арзёбӣ кард
14:30 22.04.2024 (Навсозишуда: 12:52 06.05.2024) "Сегона"-и кишварҳои ҳастаии ғарбӣ аз сарпарастони аслии Киев ҳастанд, нигаронии хоса дорад ва Маскав инро як хатари ҷиддии стратегӣ медонад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ғарб дар партави пуштибониаш аз Украина хатари бархӯрди абарқудратҳои ҳастаиро дар остона қарор додаст, ки пайомадҳои фалокатбор дорад.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни муроҷиати видеоияш ба иштирокдорони конфронси Маскав дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ баён доштаст.
"Дар баробари ин, ғарбиҳо ба таври хатарнок дар остонаи задухӯрди мустақими низомии байни қудратҳои ҳастаӣ мувозинат мекунанд, ки оқибатҳои фалокатбор дорад", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи вай, он далел, ки "сегона"-и кишварҳои ҳастаии ғарбӣ аз сарпарастони аслии Киев ҳастанд, нигаронии хоса дорад. Маскав инро як хатари ҷиддии стратегӣ медонад, ки боиси афзоиши сатҳи хатари ҳастаӣ мешавад, афзуд Лавров.
Вай қайд кард, ҳоло дар ҷаҳон буҳрони низоми назорати аслиҳа ва пешгирии паҳннашавии силоҳи ҳастаӣ ба мушоҳида мерасад.
"Дунё буҳрони низоми маҳдудсозию пешгирии паҳншавии силоҳи ҳастаиро шоҳид аст, ки аз таназзули бесобиқа дар соҳаи амнияти байналхалқиро инъикос мекунад", - изҳор дошт ӯ.
Конфронси Маскав дар масъалаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ яке аз машҳуртарин пойгоҳҳои мубоҳисаи байналхалқӣ дар масоили мубрами паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ, назорати яроқ ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ бо ҳадафҳои осоишта мебошад.