https://sputnik.tj/20240422/kayhonnavard-pyotr-dubrov-nizomiyon-poygohi-nizomi-1062590889.html
Пётр Дубров бо низомиёни пойгоҳи 201-ум аз кайҳону таҷрибааш гуфт
Пётр Дубров бо низомиёни пойгоҳи 201-ум аз кайҳону таҷрибааш гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар вохӯрӣ Дубров ба ҳозирон нақл кард, ки чаро ӯ тасмим гирифт, ҳаёти худро бо кайҳон пайвандад ва хусусиятҳои кори кайҳоннаварди озмоишгарро қисса намуд
2024-04-22T12:16+0500
2024-04-22T12:16+0500
2024-04-22T12:21+0500
дар тоҷикистон
кайҳоннавардӣ
пойгоҳи 201
низомӣ
мулоқот
саволу ҷавоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/16/1062587252_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_7910355c325d6afa0d2b5aad812965a7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Кайҳоннаварди озмоишгар ва қаҳрамони Русия Пётр Дубров бо ҳайати низомии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия хабар додааст.Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар бошгоҳи тобистонаи пойгоҳи низомӣ баргузор шуда, дар доираи он додани автограф низ сурат гирифт. "Дар рафти вохӯрӣ Дубров ба ҳозирон нақл кард, ки чаро ӯ тасмим гирифт, ки ҳаёти худро бо кайҳон пайваст кунад, раванди интихоб чӣ гуна сурат гирифт ва дар бораи хусусиятҳои кори кайҳоннаварди озмоишгар қисса намуд", - шарҳ дод ҳавзаи низомии марказӣ. Дафтари матбуот афзуд, ки пас аз суханронӣ Дубров ба саволҳои низомиён ва аъзои оилаи онҳо посух дод. Ёдовар мешавем, ки кайҳоннаварди озмоишгар ва қаҳрамони Русия Пётр Дубров бори аввал аз Тоҷикистон дидан кард.Дар ҷараёни ин сафар, вай дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю. Гагарин дар Душанбе дарси кушод гузаронда, ҳамчунин дар намоиши филми "Чӣ тавр кайҳоннавард шудам" ширкат варзид. Кайҳоннавард ҳамчунин дар академияи "МегаФон" як нишаст баргузор карда, дар бораи коинот далелҳои ҷолиб баён намуд.
https://sputnik.tj/20240421/behtar-skafandr-kayhonnavard-dubrov-jomai-tojiki-1062587033.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/16/1062587252_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_04a6eead6d521645970a0318c9e395fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, кайҳоннавард, қисса, озмоишгар
мулоқот, кайҳоннавард, қисса, озмоишгар
Пётр Дубров бо низомиёни пойгоҳи 201-ум аз кайҳону таҷрибааш гуфт
12:16 22.04.2024 (Навсозишуда: 12:21 22.04.2024) Дар вохӯрӣ Дубров ба ҳозирон нақл кард, ки чаро ӯ тасмим гирифт, ҳаёти худро бо кайҳон пайвандад ва хусусиятҳои кори кайҳоннаварди озмоишгарро қисса намуд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Кайҳоннаварди озмоишгар ва қаҳрамони Русия Пётр Дубров бо ҳайати низомии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар бошгоҳи тобистонаи пойгоҳи низомӣ баргузор шуда, дар доираи он додани автограф низ сурат гирифт.
"Дар рафти вохӯрӣ Дубров ба ҳозирон нақл кард, ки чаро ӯ тасмим гирифт, ки ҳаёти худро бо кайҳон пайваст кунад, раванди интихоб чӣ гуна сурат гирифт ва дар бораи хусусиятҳои кори кайҳоннаварди озмоишгар қисса намуд", - шарҳ дод ҳавзаи низомии марказӣ.
Дафтари матбуот афзуд, ки пас аз суханронӣ Дубров ба саволҳои низомиён ва аъзои оилаи онҳо посух дод.
Ёдовар мешавем, ки кайҳоннаварди озмоишгар ва қаҳрамони Русия Пётр Дубров бори аввал аз Тоҷикистон дидан кард.
Дар ҷараёни ин сафар, вай дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю. Гагарин дар Душанбе дарси кушод гузаронда, ҳамчунин дар намоиши филми "Чӣ тавр кайҳоннавард шудам" ширкат варзид. Кайҳоннавард ҳамчунин дар академияи "МегаФон" як нишаст баргузор карда, дар бораи коинот далелҳои ҷолиб баён намуд.