https://sputnik.tj/20240422/beobi-bebarqi-kori-kishvarzoni-sughd-1062597569.html
Беобию бебарқӣ ба кори кишварзони Суғд чӣ таъсир кард - видео
Беобию бебарқӣ ба кори кишварзони Суғд чӣ таъсир кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Адами барқрасонӣ монеаи фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар Суғд гардида, кишти навъе аз зироатҳои баҳорӣ ҳафтаҳо ба таъхир мондааст, гила доранд кишоварзон
2024-04-22T18:01+0500
2024-04-22T18:01+0500
2024-04-22T18:01+0500
видео
дар тоҷикистон
суғд
кишоварзӣ
об
барқ
деҳқон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/16/1062597110_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_e9cb5c31a0802bb7f791088c936f41f9.png
Об ба заминҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуди 20 рӯз дертар аз соли гузашта расида, ба кори кишоварзон халал ворид кардааст. Деҳқонон ба он таъкид мекунанд, ки ҳар як рӯзи баҳор ғанимат буда, саривақтӣ шурӯъ намудани кор дар саҳро муҳим мебошад. Уктам Мамадсобиров, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки 1,4 га замини кишоварзӣ дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳанӯз кишти зироатҳо пурра ба иҷро расонида нашудааст. Гилаи пахтакорони тоҷик аз даромад: харҷу заҳмат зиёду фоида кам"Худи ҳамин рӯз об, омад мо ба шинонидани кучати помиддор машғулем. Мо дар 45 сотих пиёзу помидор, дар 5 сотих картошка ва дар 90 сотихи дигар пахта кишт мекунем. Соли гузашта 1 апрел об омода буд, имсол 20 рӯз дер об омад, ҳанӯз пахтаро кишт накардаем” - гуфт кишоварз. Мазбут Эркаев, кишоварзи дигар аз ноҳияи Ҷаббор Расулов изҳор дошт, ки аз сабаби беобӣ кишти беда ва гандум дуруст насабзидааст. Пиёзпарвар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Амирҷон Иброҳимов гуфт, ба фарқ аз соли гузашта, имсол ҳосили ин маҳсулот 20 рӯз дертар ба бозор арза мешавад. "Қисме аз замини мо аз оби худҷорӣ ва қисме дигар аз ҳисоби оби чоҳи амудӣ обёрӣ мешавад, аммо имсол 15 - 20 рӯз дер иҷоза доданд, ки чоҳро ба кор андозем” – зикр кард, мусоҳиб. Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд, Маҳмудзода Абдуазиз, мегӯяд, ҳар қадаре, ки обрасонӣ ба таъхир уфтад, ин харҷи деҳқонон зиёд мешавад. Ин масъули идораи кишоварзӣ ҷорӣ намудани имтиёзҳои барқрасонӣ ба идораи обёрии заминҳоро салоҳ медонанд. Бар пояи иттилои Идораи кишоварзӣ дар вилояти Суғд, 250 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки 75%-и он тавассути чоҳ ва пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад. Дар соли 2023, дар киштзорҳои Суғд ба андозаи 1,4 млрд метри мукааб об бо арзиши қариб 30 млн сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/16/1062597110_226:0:1666:1080_1920x0_80_0_0_0303cab03deafee3917a085829116933.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
замин, хушк, гила, деҳқон, об, барқ
замин, хушк, гила, деҳқон, об, барқ
Беобию бебарқӣ ба кори кишварзони Суғд чӣ таъсир кард - видео
Адами барқрасонӣ монеаи фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар Суғд гардида, кишти навъе аз зироатҳои баҳорӣ ҳафтаҳо ба таъхир мондааст, гила доранд кишоварзон
Об ба заминҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуди 20 рӯз дертар аз соли гузашта расида, ба кори кишоварзон халал ворид кардааст.
Деҳқонон ба он таъкид мекунанд, ки ҳар як рӯзи баҳор ғанимат буда, саривақтӣ шурӯъ намудани кор дар саҳро муҳим мебошад.
Уктам Мамадсобиров, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки 1,4 га замини кишоварзӣ дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳанӯз кишти зироатҳо пурра ба иҷро расонида нашудааст.
"Худи ҳамин рӯз об, омад мо ба шинонидани кучати помиддор машғулем. Мо дар 45 сотих пиёзу помидор, дар 5 сотих картошка ва дар 90 сотихи дигар пахта кишт мекунем. Соли гузашта 1 апрел об омода буд, имсол 20 рӯз дер об омад, ҳанӯз пахтаро кишт накардаем” - гуфт кишоварз.
Мазбут Эркаев, кишоварзи дигар аз ноҳияи Ҷаббор Расулов изҳор дошт, ки аз сабаби беобӣ кишти беда ва гандум дуруст насабзидааст.
"Зироати гандум як ваҷаб аст, беда низ ҳамчунин. Солҳои охир ҳосили ин навъ зироатҳо харҷи худашонро намепӯшонад. Сабабаш беобӣ аст. Ҳоло барқ нест, пойгоҳҳои обкашӣ кор накарда истодаанд", - фаҳмонд ӯ.
Пиёзпарвар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Амирҷон Иброҳимов гуфт, ба фарқ аз соли гузашта, имсол ҳосили ин маҳсулот 20 рӯз дертар ба бозор арза мешавад.
"Қисме аз замини мо аз оби худҷорӣ ва қисме дигар аз ҳисоби оби чоҳи амудӣ обёрӣ мешавад, аммо имсол 15 - 20 рӯз дер иҷоза доданд, ки чоҳро ба кор андозем” – зикр кард, мусоҳиб.
Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд, Маҳмудзода Абдуазиз, мегӯяд, ҳар қадаре, ки обрасонӣ ба таъхир уфтад, ин харҷи деҳқонон зиёд мешавад.
Ин масъули идораи кишоварзӣ ҷорӣ намудани имтиёзҳои барқрасонӣ ба идораи обёрии заминҳоро салоҳ медонанд.
Бар пояи иттилои Идораи кишоварзӣ дар вилояти Суғд, 250 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки 75%-и он тавассути чоҳ ва пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад.
Дар соли 2023, дар киштзорҳои Суғд ба андозаи 1,4 млрд метри мукааб об бо арзиши қариб 30 млн сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.