https://sputnik.tj/20231018/pakhtakoron-daromad-kharj-foida-kam-video-1060026170.html
Гилаи пахтакорони тоҷик аз даромадашон: харҷу заҳмат зиёду фоида кам - видео
Гилаи пахтакорони тоҷик аз даромадашон: харҷу заҳмат зиёду фоида кам - видео
Sputnik Тоҷикистон
Пахтапарварӣ, ки яке аз бахшҳои заҳматталаб гуфта мешавад, соли равон суди дилхоҳ наоварда истодааст, чун нархи он поин рафт, мегӯянд кишоварзон
2023-10-18T19:55+0500
2023-10-18T19:55+0500
2023-10-19T11:28+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пахта
видео
тило
ҳаво
номусоид
нарх
арзон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060025363_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_2606e99eb9efcd946e476b1c63a9ff8e.jpg
Нархи ҳама намуд молу хизматрасонии лозим барои кишту парвариши пахта гарон шуд, аммо қимати он баръакс поин рафт, гила доранд пунбапарварони Суғд. Яке аз деҳқонон дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Турсун Усмонов гуфт, 4 га замини кооперативи ноҳияро иҷора гирифта, дар он пахта кишт мекунад ва ба ин васила рӯзӣ дарёфт мекунад. Ин деҳқони пунбапарвар дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир аз пахтакорӣ фоида ба даст оварда наметавонад. Вай дар идома афзуд, ки аз 1 га замини пахта 2,6 тон пахта ғун кардаст, нархи килои онро 6 сомонӣ муқарар кардаанд. Деҳқонон аз дигар шаҳру навоҳии Суғд низ дар бораи ночиз шудани нархи “тиллои сафед” таъкид меварзанд. Яке аз деҳқонон аз ноҳияи Мастчоҳ, Раҷаб Мирзозода ба Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки соли ҷорӣ ҷамъоварии пахта хушбинкунанда нест.“Яке коҳишёбии ҳосил то 20 сентнер ва аз сӯи дигар коҳишёбии нарх аст, ки шавқи пунбапарваронро коста мегардонд” - гуфт ӯ. Левакант ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кардЗимнан дар вилояти Суғд коргоҳҳо пахтаро бо нархи 6 сомонӣ қабул мекунанд, ки ин нарх дар муқоиса ба соли гузашта то 4 – 5 сомонӣ кам гуфта мешавад. Дар вилояти Суғд чанд сол ба ин тараф хоҷагиҳо дар майдони беш аз 75 ҳазор га пунбадона кишт мекунанд, то аз ин ҳисоб 150 ҳазор тон “тиллои сафед” ба даст оварда шавад. Аммо тавре дида мешавад, солҳои охир вазъи номусоиди обу ҳаво ба рушду нумуъи пахта таъсир расонида аз ин ҳисоб ҳосили дуруст ба даст оварда намешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060025363_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_6ca6b354df8ecb1ae2cb57b26d32bf3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
харҷ, заҳмат, суд, пахтакор, суғд, коҳиш
харҷ, заҳмат, суд, пахтакор, суғд, коҳиш
Гилаи пахтакорони тоҷик аз даромадашон: харҷу заҳмат зиёду фоида кам - видео
19:55 18.10.2023 (Навсозишуда: 11:28 19.10.2023) Эксклюзив
Пахтапарварӣ, ки яке аз бахшҳои заҳматталаб гуфта мешавад, соли равон суди дилхоҳ наоварда истодааст, чун нархи он поин рафт, мегӯянд кишоварзон
Нархи ҳама намуд молу хизматрасонии лозим барои кишту парвариши пахта гарон шуд, аммо қимати он баръакс поин рафт, гила доранд пунбапарварони Суғд.
Яке аз деҳқонон дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Турсун Усмонов гуфт, 4 га замини кооперативи ноҳияро иҷора гирифта, дар он пахта кишт мекунад ва ба ин васила рӯзӣ дарёфт мекунад.
Ин деҳқони пунбапарвар дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир аз пахтакорӣ фоида ба даст оварда наметавонад.
"Чаҳор бор то 200-килоӣ нуриҳои минералӣ додам, се маротиба хушова кардам. Ҳаққи як мардикор аз 70 ба 90 сомонӣ расидаст. То оғози пахтачинӣ барои як га замини пахта то ин вақт 5200 сомонӣ сарф кардаам", - ҳисоб кард кишоварз.
Вай дар идома афзуд, ки аз 1 га замини пахта 2,6 тон пахта ғун кардаст, нархи килои онро 6 сомонӣ муқарар кардаанд.
Деҳқонон аз дигар шаҳру навоҳии Суғд низ дар бораи ночиз шудани нархи “тиллои сафед” таъкид меварзанд.
Яке аз деҳқонон аз ноҳияи Мастчоҳ, Раҷаб Мирзозода ба Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки соли ҷорӣ ҷамъоварии пахта хушбинкунанда нест.
“Яке коҳишёбии ҳосил то 20 сентнер ва аз сӯи дигар коҳишёбии нарх аст, ки шавқи пунбапарваронро коста мегардонд” - гуфт ӯ.
Зимнан дар вилояти Суғд коргоҳҳо пахтаро бо нархи 6 сомонӣ қабул мекунанд, ки ин нарх дар муқоиса ба соли гузашта то 4 – 5 сомонӣ кам гуфта мешавад.
Дар вилояти Суғд чанд сол ба ин тараф хоҷагиҳо дар майдони беш аз 75 ҳазор га пунбадона кишт мекунанд, то аз ин ҳисоб 150 ҳазор тон “тиллои сафед” ба даст оварда шавад. Аммо тавре дида мешавад, солҳои охир вазъи номусоиди обу ҳаво ба рушду нумуъи пахта таъсир расонида аз ин ҳисоб ҳосили дуруст ба даст оварда намешавад.