https://sputnik.tj/20240421/chinu-iiao-hamlu-naql-doirai-agroekspress-1062584257.html
Азми Чину ИИАО барои таҳкими ҳамлу нақл дар доираи "Агроэкспресс"
Азми Чину ИИАО барои таҳкими ҳамлу нақл дар доираи "Агроэкспресс"
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи ҷаласаи Комиссияи татбиқи созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ИИАО ва Чин аз ҷумла таҳкими ҳамлу нақл дар доираи "Агроэкспресс" баррасӣ шуд
2024-04-21T16:56+0500
2024-04-21T16:56+0500
2024-04-21T16:56+0500
ииао
иттиҳоди иқтисодии уросиё
маҳсулот
сифат
осиё
чин
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102743/47/1027434773_0:52:2049:1204_1920x0_80_0_0_864d9293de548b4ff7fd9131dd2dfb6c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ИИАО ва Чин дар самти рақамикунонии ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти вазири савдои КИАО, Андрей Слепнев ва мудири "Рохи оҳани Чин" Го Чжузе будаст. "Айни замон созишномаҳо байни ширкатҳои роҳи оҳан дар сатҳи омодагӣ қарор доранд, ки ба мо имкон медиҳад, ки ба сатҳи нави ҳамкорӣ бирасем. Мо инчунин самтҳои нави ояндадори ҳамкориро баррасӣ дорем", - гуфт Слепнев. Татбиқи ҳамлу нақли босуръат, аз ҷумла низоми мултимодалии "Агроэкспресси АвруОсиё" бо мақсади рушди мунтазами интиқоли мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин содирот дар самтҳои Осиё ва Аврупо баррасӣ шудаст. Қаблан имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар доираи нақшаи тасдиқшуда бо Русия низ баррасӣ гардида буд. Ба иттилои масъулини нақлиёти Тоҷикистон, ин лоиҳа муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат мебахшад.Тавассути "Агроэкспресс" аз Русия маҳсулоти зудвайроншаванда ба монанди гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳ ва дигар ба Чину Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Муҳлати интиқоли мол 5-7 рӯзро дар бар мегирад.Тоҷикистон аз ин тарҳ метавонад бо он бурд кунад, ки маҳсулоти босифату тозаи кишоварзию бо харҷи ками вақт ба хориҷ интиқол диҳанд.
https://sputnik.tj/20240420/uzviyat-uzbekiston-iiao-tojikiston-taghyir-nazar-korshinos-1062574895.html
осиё
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102743/47/1027434773_186:0:1861:1256_1920x0_80_0_0_13c3a986cc320bf2d50e953b25ed4b5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, таҳким, ҳамл, нақл, нақлиёт, агроэкспресс
чин, таҳким, ҳамл, нақл, нақлиёт, агроэкспресс
Азми Чину ИИАО барои таҳкими ҳамлу нақл дар доираи "Агроэкспресс"
Дар доираи ҷаласаи Комиссияи татбиқи созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ИИАО ва Чин аз ҷумла таҳкими ҳамлу нақл дар доираи "Агроэкспресс" баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ИИАО ва Чин дар самти рақамикунонии ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти вазири савдои КИАО, Андрей Слепнев ва мудири "Рохи оҳани Чин" Го Чжузе будаст.
"Айни замон созишномаҳо байни ширкатҳои роҳи оҳан дар сатҳи омодагӣ қарор доранд, ки ба мо имкон медиҳад, ки ба сатҳи нави ҳамкорӣ бирасем. Мо инчунин самтҳои нави ояндадори ҳамкориро баррасӣ дорем", - гуфт Слепнев.
Татбиқи ҳамлу нақли босуръат, аз ҷумла низоми мултимодалии "Агроэкспресси АвруОсиё" бо мақсади рушди мунтазами интиқоли мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин содирот дар самтҳои Осиё ва Аврупо баррасӣ шудаст.
Қаблан имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар доираи нақшаи тасдиқшуда бо Русия низ баррасӣ гардида буд. Ба иттилои масъулини нақлиёти Тоҷикистон, ин лоиҳа муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат мебахшад.
Тавассути "Агроэкспресс" аз Русия маҳсулоти зудвайроншаванда ба монанди гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳ ва дигар ба Чину Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Муҳлати интиқоли мол 5-7 рӯзро дар бар мегирад.
Тоҷикистон аз ин тарҳ метавонад бо он бурд кунад, ки маҳсулоти босифату тозаи кишоварзию бо харҷи ками вақт ба хориҷ интиқол диҳанд.