Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия дар самти Донетск садҳо низомиву техникаи Украинаро нобуд кард

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкБоевая подготовка артиллеристов Южной группировки войск.
Боевая подготовка артиллеристов Южной группировки войск. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Обуна шудан
Вазорати дифоъ мегӯяд, дар тӯли 24 соати охир системаҳои дифои ҳавоии Русия 251 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ, ва мушакҳои истеҳсоли хориҷиро нест кард
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Артиши Русия дар самти Херсон ба як қатор воҳидҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина зарба зада, ҳамлаи ҷавобиро дар минтақаи Вербовойи Запороже дафъ карданд.
Дар ин ҳамла то 50 нафар низомиёни душман нобуд ва ду худраву ду гаубитсаи 122 мм Д-30-ро нобуд карда шуд, хабар медиҳад, Вазорати дифоъи Русия хабар дод.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки афсарони низомии гурӯҳи нирӯҳои "Шарқ" мавқеъҳои муфидтареро ишғол намуда, душманро дар самти ҷануби Донетск шикаст доданд.
Талафоти режими Киев дар ин самт то 140 низомӣ гуфта мешавад.
Илова бар ин, Киев чаҳор мошин, як тӯпхонаи худгарди AS-90 Braveheart-и 152 мм, инчунин се анбори лавозимоти ҷангиро аз даст дод.
Дар ин самт воҳидҳои гурӯҳи "Ҷанубӣ" низ мевқеи худро боз беҳтар кардаанд.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Билет ба он дунё: Низомии украинӣ сабаби фирор аз артишро гуфт
Ин воҳидҳо ҳамалоти артиши Украинаро рафъ карда, давоми рӯз 590 низомиён, як танк ва як анбори муҳимоти ҷониби ҳарифро нобуд кардаанд.
Ба гузориши Вазорати дифоъ низомиёни Русия ду дастгоҳи мушакандозии украиниро бо системаи зиддимушакии С-300 нобуд карданд.
"Дар давоми 24 соат ду дастгоҳи партобкунанда бо системаи зиддимушакии С-300 нобуд карда шуданд", - гуфта мешавад дар гузориши вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар тӯли 24 соати охир системаҳои дифои ҳавоии Русия 251 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ, 33 снаряди Vampire MLRS ва 2 мушаки “Точка-У”-ро задаанд.
Дар маҷмӯъ аз оғози амалиёти махсуси низомӣ инҳо нобуд карда шуданд: 583 ҳавопаймо, 270 чархбол, 21 734 ҳавопаймои бесарнишин, 504 системаи зиддимушакии зидди ҳавоӣ, 15 801 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1267 мошини ҷангии чандкарата системаҳои мушакӣ, 8945 тупхона ва миномётҳои саҳроӣ, инчунин 21111 воҳиди мошинҳои махсуси ҳарбӣ.
Лентаи хабарҳо
0