Лавров: Аз ИИАО Арманистон аз ҳама бештар фоида мегирад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкИнтервью Сергея Лаврова радиостанциям Sputnik, "Комсомольская правда" и "Говорит Москва"
Интервью Сергея Лаврова радиостанциям Sputnik, Комсомольская правда и Говорит Москва  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Русия судбарандаи аслии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро Арманистон хонд, ки беш аз сеяки савдои кишвар ба иттиҳодия рост меояд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ҳиссаи молиявии Арманистон дар ИИАО кам ҳам бошад баробари дигар аъзои иттиҳодия ҳаққу ҳуқуқ дорад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо расонаҳои русӣ.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи таносуби ҳаҷм аз ҳама бештар судро аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маҳз Арманистон мегирад.
"Ҳисоб карда шудааст, ки ҳудуди 35%-и иқтисоди Арманистон аз ҳисоби ИИАО ташаккул меёбад. Гардиши савдои Арманистон беш аз 20 млрд долларро ташкил медиҳад, ки 37%-и и он ба ИИАО, 13% ба Иттиҳодияи Аврупо ва 3% ба ИМА рост меояд", - гуфт Лавров.
Грузовые автомобили на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Ҳамлу нақли бор ва мусофирбарӣ дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Вай изҳор дошт, ки Арманистон, ки як кишвари хурд аст, нисбат ба дигарон ба ИИАО, аз ҷумла саҳмҳои молиявии камтар мегузорад.
"Аммо бо ҳама, аз ҷумла бо Русия, ҳангоми қабули қарорҳою овоздиҳӣ бо аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳуқуқҳои комилан баробар дорад", - таъкид кард вазир.
Ӯ иқдомоти Вошингтон ва Брюсселро барои ҷудо кардани Арманистон аз ҳамкорӣ бо Русия "бешарафона" ва "бешармона" номида, аз қавли сарвазири ин кишвар, Никол Пашинян овард, ки равобит бо Маскав замонҳои душворро паси сар мекунад, аммо аҳамияти онҳоро наметавон нодида гирифт.
Лавров ҳамчунин изҳор дошт, ки Маскав чун пештара Арманистонро шарику муттаҳиди худ медонад.
Лентаи хабарҳо
0