https://sputnik.tj/20240418/sherali-kabir-foida-bozor-tojikiston-sohibkoron-uzbek-1062532406.html
Шералӣ Кабир аз фоидаи бозори Тоҷикистон ба соҳибкорони узбек гуфт
Шералӣ Кабир аз фоидаи бозори Тоҷикистон ба соҳибкорони узбек гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик пешниҳод кард, ки ҳамтоёнаш аз кишвари ҳамсоя ин ҷанбаро ба назар гиранд, зеро ин як нишонаи муҳим барои беҳбуди тиҷорат аст
2024-04-18T13:11+0500
2024-04-18T13:11+0500
2024-04-18T13:16+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
тиҷорат
шералӣ кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447955_0:0:3076:1730_1920x0_80_0_0_dbe7727a8a88dd6833cb8d30b51abac1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дар Узбекистон беш аз 307 корхона бо иштироки сармояи тоҷикистониён фаъолият доранд. Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистонизҳор дошт.Дар ҳамин ҳол вазири тоҷик қайд кард, ки мутаассифона, дар Тоҷикистон шумори корхонаҳо бо сармояи тоҷирони ӯзбек ба маротиб камтар аст. Ӯ аз ҳамкорони узбеки худ даъват кард, ки ба бозори Тоҷикистон низ аҳамият диҳанд, зеро имконоти зиёд дорад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамтоёнаш аз кишвари ҳамсоя ин ҷанбаро ба назар гиранд, зеро ин як нишонаи муҳим барои беҳбуди тиҷорат аст. “Мо чунин мешуморем, ки соҳибкорони ӯзбек бояд аз ин фурсати хуб истифода баранд”, - илова кард Шералӣ Кабир.Ҳамчунин таъкид шудааст, ки Узбекистон ҳамчун яке аз бузургтарин иқтисодҳои минтақа барои Тоҷикистон як бозори хеле муҳим барои фурӯши маҳсулот аст Гуфта мешавад, ки аз замони Шӯравӣ дар байни корхонахои калонтарини кишварҳо алоқаҳои ҳамкорӣ барқарор гардида, имрӯз ба таври густурда инкишоф меёбад.Тибқи иттилои мақомоти тоҷик дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 90 корхона бо сармояи тоҷирони ӯзбек фаъолият дорад.
https://sputnik.tj/20240312/muzokiroti-hayati-mahdud-vasei-tojikistonu-uzbekiston-1062018736.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447955_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6932897840a426d30d0241e16459047a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шералӣ кабир фоида бозор тоҷикистон соҳибкорон узбек
шералӣ кабир фоида бозор тоҷикистон соҳибкорон узбек
Шералӣ Кабир аз фоидаи бозори Тоҷикистон ба соҳибкорони узбек гуфт
13:11 18.04.2024 (Навсозишуда: 13:16 18.04.2024) Вазири тоҷик пешниҳод кард, ки ҳамтоёнаш аз кишвари ҳамсоя ин ҷанбаро ба назар гиранд, зеро ин як нишонаи муҳим барои беҳбуди тиҷорат аст
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дар Узбекистон беш аз 307 корхона бо иштироки сармояи тоҷикистониён фаъолият доранд.
Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистонизҳор дошт.
Дар ҳамин ҳол вазири тоҷик қайд кард, ки мутаассифона, дар Тоҷикистон шумори корхонаҳо бо сармояи тоҷирони ӯзбек ба маротиб камтар аст.
Ӯ аз ҳамкорони узбеки худ даъват кард, ки ба бозори Тоҷикистон низ аҳамият диҳанд, зеро имконоти зиёд дорад.
"Имрӯз 98% дарсади нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад ва энержии сабз барои тавлиди колоҳо ва фурӯши он дар бозорҳои ғарбӣ бидуни ба истилоҳ андози карбон шароит фароҳам месозад. Андоз аз карбон аллакай 14% хароҷотро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамтоёнаш аз кишвари ҳамсоя ин ҷанбаро ба назар гиранд, зеро ин як нишонаи муҳим барои беҳбуди тиҷорат аст.
“Мо чунин мешуморем, ки соҳибкорони ӯзбек бояд аз ин фурсати хуб истифода баранд”, - илова кард Шералӣ Кабир.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки Узбекистон ҳамчун яке аз бузургтарин иқтисодҳои минтақа барои Тоҷикистон як бозори хеле муҳим барои фурӯши маҳсулот аст
Гуфта мешавад, ки аз замони Шӯравӣ дар байни корхонахои калонтарини кишварҳо алоқаҳои ҳамкорӣ барқарор гардида, имрӯз ба таври густурда инкишоф меёбад.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 90 корхона бо сармояи тоҷирони ӯзбек фаъолият дорад.