Музокироти ҳайати маҳдуд ва васеи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо имзои санад анҷом ёфт

© Foto / пресс-служба председателя Согдийской областиПремьер-министр Республики Узбекистан Абдулла Арипов и премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Республики Узбекистан Абдулла Арипов и премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Обуна шудан
Ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Ӯзбекистон эътироф карданд, ки имкониятҳои истифоданашуда барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҳанӯз зиёданд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таҳти роҳбарии сарвазирон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Душанбе анҷом ёфта, протокол имзо гардид.
Ба иттилои расмӣ, ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон нахуст дар шакли маҳдуд суҳбат карда, сипас музокиротро дар дар ҳайати васеъ идома доданд.
Таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва сайёҳӣ аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии мулоқот арзёбӣ шуданд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Ҳайати баландпояи Ӯзбекистон дар Душанбе: аз баҳси мошинсозии муштарак то нерӯгоҳҳо
Соли гузашта гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ззбекистон зиёда аз 500 млн доллари амрикоиро ташкил додаст, ки ба иттилои ҷонибҳо ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт зиёданд.
Ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Ӯзбекистон эътироф карданд, ки имкониятҳои истифоданашуда барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҳанӯз зиёданд
Таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли энергияи "сабз", равнақи робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ дар асоси технологияи нав, бахши хусусӣ, нақлиёт, технологияи рақамӣ, маорифу илм, сайёҳӣ ва дигар самтҳо барои ҳамкорӣ ояндадор хонда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0