Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Билет ба он дунё: Низомии украинӣ сабаби фирор аз артишро гуфт

© AP / Michal DyjukУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2024
Обуна шудан
Мушовири қувваҳои мусаллаҳи Украина бовар дорад, ки дар шароити камбуди одамон барои сафарбарсозӣ ба хидмати ҳарбӣ, даъвати занон мушкилро ҳал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳазорон марди украинӣ ба хориҷ фирор мекунанд, то аз сафарбарӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина канорагирӣ кунанд, хабар додаст нашрияи New York Times.
Манбаъ аз қавли ҳамсуҳбатонаш аз ҳисоби низомиёни Украина фирори густурда аз артишро таъйид намудаст.
Расона аз низомии Украина иқтибос меорад, ки "бо назардошти сатҳи баланди талафот, даъват ба артиш мисли билети яктарафа аст".
Ахиран мушовири қувваҳои мусаллаҳи Украина изҳор дошт, ки дар шароити камбуди одамон барои сафарбарсозӣ ба хидмати ҳарбӣ даъвати занон мушкилро ҳал хоҳад кард.
Киев бояд занонро ба артиш ҷалб кунад, ҳамон тавре ки дар Исроил сурат мегирад, изҳор доштаст мушовири фармондеҳи нерӯҳои заминии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар умури гендерӣ, Оксана Григорева.
Флаги государств, входящих в Организацию Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2024
СААД хатарҳо аз Аврупои Шарқӣ ва ҳифзи ҳавои Осиёи Миёнаро баррасӣ кард
"Дар конститутсияи мо гуфта шудааст, ки ҳар як украинӣ вазифадор аст, ки Ватани худро дифоъ кунад, аз ин рӯ барои занон низ хизмат кардан дуруст мебуд", - гуфтаст ӯ.
Вай афзудаст, ки ба монанди Исроил бояд дар Украина ҳам мардон ва ҳам занонро тамрин дод, ки то онҳо ба ҷанг омода бошанд.
Ба андешаи мушовир, Украина бояд барои он омода шавад, ки дар солҳои наздик занонро сафарбар кунад, ки барои ҳалли масъалаи нарасидани кадрҳо зарур аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 65 ҳазор зан дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекунанд, ки ин рақам аз соли 2021 тақрибан 40% афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0