https://sputnik.tj/20240417/orban-istefoi-rohbariyati-ittihodiyai-avruporo-1062503785.html
Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро талаб кард
Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро талаб кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Маҷористон муътақид аст, ки роҳбарияти феълии ин иттиҳодия на ҳамеша манофеи қораро ба назар мегираду ба суди ИМА кор мекунад
2024-04-17T13:50+0500
2024-04-17T13:50+0500
2024-04-17T13:50+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
виктор орбан
амният ва мудофиа
мулоқот
украина
насл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062504919_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_55b6f09a9d4a7fa5cb8da8c27dfdde37.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро ба шантажи сиёсӣ муттаҳам кард. Бо таъкид ба ин нукта Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳоди Аврупоро талаб кард. Ӯ гуфт, ин раёсат бояд истеъфо диҳад, зеро он дар ҳамаи тарҳҳои калидӣ ноком шудааст. Пештар Виктор Орбан гуфта буд, ки вай чунин мешуморад, ки дар паси баъзе тасмимҳои Брюссел манфиатҳои на Аврупо, балки Амрико меистад. Вай қайд кард, ки "чунин Брюссел лозим нест", ки ба кишварҳои узв ҳамчун музофот муносибат мекунад ва ба онҳо чӣ гуна зиндагӣ карданро ёд диҳад.Ӯ қаблан аз пойфишории Иттиҳоди Аврупо ба кумаки молию низомии бузург ба Украина интиқод карда, ба зарурати музокирот ишора намуд. Орбан гуфт, Ғарб аз эътирофи онки Украина дар ҷанг мебозад, дар ҳарос аст ва илова намуд, ки вақт ба суди Русия мебошад. Коршиносони низомӣ дарк мекунанд, ки Киев дар майдони ҷанг муваффақ нахоҳад шуд, афзуд ӯ. Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20240416/taftishot-robita-omilon-hamla-terroristi-krokus-ukrainaro-tasdiq-1062494322.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062504919_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_33d8ff4626999c5d8a506ae99e0a891e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбарият, има, иттиҳоди аврупо, таҳдид, истеъфо, даъват
роҳбарият, има, иттиҳоди аврупо, таҳдид, истеъфо, даъват
Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро талаб кард
Сарвазири Маҷористон муътақид аст, ки роҳбарияти феълии ин иттиҳодия на ҳамеша манофеи қораро ба назар мегираду ба суди ИМА кор мекунад
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро ба шантажи сиёсӣ муттаҳам кард.
Бо таъкид ба ин нукта Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳоди Аврупоро талаб кард. Ӯ гуфт, ин раёсат бояд истеъфо диҳад, зеро он дар ҳамаи тарҳҳои калидӣ ноком шудааст.
Пештар Виктор Орбан гуфта буд, ки вай чунин мешуморад, ки дар паси баъзе тасмимҳои Брюссел манфиатҳои на Аврупо, балки Амрико меистад.
Вай қайд кард, ки "чунин Брюссел лозим нест", ки ба кишварҳои узв ҳамчун музофот муносибат мекунад ва ба онҳо чӣ гуна зиндагӣ карданро ёд диҳад.
Ӯ қаблан аз пойфишории Иттиҳоди Аврупо ба кумаки молию низомии бузург ба Украина интиқод карда, ба зарурати музокирот ишора намуд.
Орбан гуфт, Ғарб аз эътирофи онки Украина дар ҷанг мебозад, дар ҳарос аст ва илова намуд, ки вақт ба суди Русия мебошад.
Коршиносони низомӣ дарк мекунанд, ки Киев дар майдони ҷанг муваффақ нахоҳад шуд, афзуд ӯ.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.