Тафтишот робитаи ҳамлагарони Крокусро бо миллатгароҳои украинӣ тасдиқ кард

© Sputnik / Арам Нерсесян / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совбеза РФ Николай Патрушев
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2024
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русмия мегӯяд, тафтишот даст доштани Украина дар ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холро расман тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Тафтишот иртиботи мустақими омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав ва миллатгароёни украиниро тасдиқ ва ба таври мурофиавӣ мустаҳкам мекунад.
Дар ин бора дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар нишасти роҷеъ ба амният дар шимолу ғарби Русия, ки дар Арханглск баргузор гардид, изҳор дошт.
"Дар ҷараёни тафтишот иртиботи мустақими омилони ин ҳамлаи террористӣ бо миллатгароҳои украинӣ тасдиқ ва расман муқаррар карда шуд", - тавзеҳ дод ӯ.

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"

Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 11 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 10 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0