https://sputnik.tj/20240415/prezident-qosim-rohbarro-barkanor-zikri-sabab-1062479101.html
Раҳмон бе зикри сабаб Қосим Роҳбарро аз вазифа барканор кард
Раҳмон бе зикри сабаб Қосим Роҳбарро аз вазифа барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди барканории Қосим Раҳбар аз вазифа, сабаби барканорӣ, ки одатан зикр мегардад, оварда нашудааст 15.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-15T13:46+0500
2024-04-15T13:46+0500
2024-04-15T13:46+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
барканорӣ
қосим роҳбар
фармон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/85/1014708532_446:0:1600:649_1920x0_80_0_0_99a66d38ea13f8d1f4be8798d93f64e7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор барканор карда шуд. Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст. Дар фармонҳои раисҷумҳур одатан сабаби барканорӣ, асосан ба далели гузаштан ба кори дигар ва ё нафақа зикр мегарданд, аммо сабаби барканории Қосим Роҳбар наомадааст. Бо фармони дигари президент, Носирзода Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин гардидаст. Қосим Роҳбар дар ин вазифа аз аввали соли 2022 фаъолият дошт. Пеш аз ин раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон буд. Қосими Роҳбар, ки дар гузашта вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон таъйин шуд.Қосими Роҳбар ё Қосим Қосимов солҳои 1994-1996 раиси ноҳияи Хуҷанд, соли 1992-1994 раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Ленинободи собиқ ва аз 12 феврали соли 1996 то расидан ба курсии вазирӣ раиси вилояти Суғд буд.Қосим Роҳбар 13 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Роҳбар Қосимов (1930-1974) мебошад.Қосим Роҳбар дорои маълумоти олист ва соли 1986 факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ аз соли 1986 то соли 1989 ба ҳайси агротехник, агроном-энтомологи колхози 40-солагии Октябри ноҳияи Хуҷанд кор кардааст.
https://sputnik.tj/20240228/taghyiroti-kadri-vazorati-mudofia-general-vazifa-1061868242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/85/1014708532_328:0:1600:954_1920x0_80_0_0_49e42ac59a34030bfed51a6e8c549887.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , барканорӣ, қосим роҳбар, фармон, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, сиёсат , барканорӣ, қосим роҳбар, фармон, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон бе зикри сабаб Қосим Роҳбарро аз вазифа барканор кард
Дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди барканории Қосим Раҳбар аз вазифа, сабаби барканорӣ, ки одатан зикр мегардад, оварда нашудааст
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор барканор карда шуд. Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.
Дар фармонҳои раисҷумҳур одатан сабаби барканорӣ, асосан ба далели гузаштан ба кори дигар ва ё нафақа зикр мегарданд, аммо сабаби барканории Қосим Роҳбар наомадааст.
Бо фармони дигари президент, Носирзода Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин гардидаст. Қосим Роҳбар дар ин вазифа аз аввали соли 2022 фаъолият дошт. Пеш аз ин раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон буд.
Қосими Роҳбар, ки дар гузашта вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон таъйин шуд.
Қосими Роҳбар ё Қосим Қосимов солҳои 1994-1996 раиси ноҳияи Хуҷанд, соли 1992-1994 раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Ленинободи собиқ ва аз 12 феврали соли 1996 то расидан ба курсии вазирӣ раиси вилояти Суғд буд.
Қосим Роҳбар 13 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Роҳбар Қосимов (1930-1974) мебошад.
Қосим Роҳбар дорои маълумоти олист ва соли 1986 факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ аз соли 1986 то соли 1989 ба ҳайси агротехник, агроном-энтомологи колхози 40-солагии Октябри ноҳияи Хуҷанд кор кардааст.