Тағйироти кадрӣ дар Вазорати мудофиа: Кадом генерал чӣ вазифа гирифт?

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонКадровые назначения в Минобороны Таджикистана
Кадровые назначения в Минобороны Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, генералҳоро барканору таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Сафарализода Раҳмоналӣ таъйин гардид.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард. Бо фармонҳои дигар, Собирзода Шамсиддин Маъруф - фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавои ҚМ ва Тоирзода Дилшод Амон - муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Ҳамчунин бо қарори ҳукумат Сафарзода Ҷамшед Сафар муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ таъйин шуда, Носирзода Одил Раҳмон мақоми муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбиро гирифт.
Глава Минобороны РФ С. Шойгу посетил пункт одного из объединений Западной группировки войск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2024
Ҳушдори Шойгу аз ҳадафи фаъолшавии ДОИШ* ва созмонҳои ғарбгаро дар Осиёи Марказӣ
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, ки Раҳимзода Музаффар Анвар муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир мовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ таъйин шуданд.
Абдусаттор Шоҳиён мақоми сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро гирифт.
Ҳамчунин ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералӣ, комиссарони ҳарбии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиа дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои ҷумҳурӣ дар якчанд кишвари хориҷӣ тайъин шуданд.
Лентаи хабарҳо
0