Кишварҳои Ховари Миёна фазояшонро барои ҳавопаймоҳо кушоданд

© Foto / Unsplash/Etienne JongСамолёт
Самолёт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2024
Обуна шудан
Мақомоти ҳавонавардии бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна дар пасманзари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Эрон ба сӯи Исроил фазои ҳавоии худро баста буданд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Урдун фазои ҳавоии худро боз карда, фаъолият дар ин самт ба ҳолати муқаррарӣ баргашт, хабар доданд расонаҳои ин кишвар.
Мақомоти Лубнон низ субҳи рӯзи 14 апрел аз азсаргирии парвозҳо дар қаламравашон хабар доданд.
"Маъмурияти авиатсияи гражданӣ аз соати 07:00 (бо вақти Маскав) дар Бейрут эълон кард, ки фурудгоҳи байнулмилалии Рафик Ҳарирӣ барои ҳамаи ҳавопаймоҳои омада ва парвозкунанда кушода мебошад", - хабар медиҳад агентии иттилоотии Лубнон NNA.
Расонаҳо низ хабар доданд, ки Исроил дар соати 07:30 ба вақти Маскав ҳарими ҳавоиро барои ҳавопаймоҳо боз кардааст.
Масштабные учения сухопутных войск Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2024
Эрон аз анҷоми ҳамла ба Исроил ва натиҷаҳои он гуфт
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти ҳавонавардии бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна дар пасманзари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Эрон ба сӯи Исроил шоми 13 апрел фазои ҳавоии худро баста буданд.
Эрон бузургтарин ҳамлаи худ ба Исроилро дар посух ба ҳамла ба консулгариаш дар Димишқ анҷом дод.
Корпуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ки ҳадафҳои муҳими низомиро дар сарзаминҳои ишғолнамудаи Исроил "бомуваффақият несту нобуд кардааст".
Намояндагии Эрон дар СММ бо истинод ба банди 51-и Оинномаи СММ дар бораи ҳуқуқи дифоъ гуфтааст, ки ин ҳамла дар посух ба зарба алайҳи ҳадафҳои дипломатӣ будааст.
Лентаи хабарҳо
0