https://sputnik.tj/20240414/eron-anjomi-hamla-isroil-natija-1062467145.html
Эрон аз анҷоми ҳамла ба Исроил ва натиҷаҳои он гуфт
Эрон аз анҷоми ҳамла ба Исроил ва натиҷаҳои он гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки дар ҳамлаи Эрон ба сӯи Исроил беш 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки навъи аз замин ба замин партоб шудаанд
2024-04-14T10:58+0500
2024-04-14T10:58+0500
2024-04-14T11:01+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
эрон
исроил
ҳамлагарон
ҳамлаи мушакӣ
низом
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1e/1060234499_0:0:975:548_1920x0_80_0_0_3e240f4d3324028ca3c722d433ecd1f5.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Эрон бузургтарин ҳамлаи худ ба Исроилро дар посух ба ҳамла ба консулгариаш дар Димишқ анҷом дод.Корпуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ки ҳадафҳои муҳими низомиро дар сарзаминҳои ишғолнамудаи Исроил "бомуваффақият несту нобуд кардааст". Намояндагии Эрон дар СММ бо истинод ба банди 51-и Оинномаи СММ дар бораи ҳуқуқи дифоъ гуфтааст, ки ин ҳамла дар посух ба зарба алайҳи ҳадафҳои дипломатӣ будааст.Намояндагии доимии Эрон дар шарҳе гуфтааст, "ин масъаларо метавон анҷомшуда хонд". Ба навиштаи расонаҳо, Эрон ба сӯи Исроил 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки навъи замин ба замин партоб кардааст. Гуфта мешавад, ки аксари ин мушакҳо берун аз қаламрави Исроил нобуд карда шудаанд. Дар гардондани ҳамлаи бесарнишинҳо нерӯҳои Амрико ва Англия иштирок карданд. Кишварҳои ғарбӣ ҳамларо маҳкум карданд, дабири кулли СММ гуфт, ки ҷаҳон наметавонад як ҷанги дигарро таҳаммул кунад ва хостори коҳиши шиддат шуд.Нишасти фаврии Шӯрои Амнияти СММ ба далели бад шудани вазъ дар Ховари Миёна баргузор мешавад. Эрон гуфт, ки дунболи ташдид ё низоъ дар минтақа нест, аммо дар сурати таҷовузи низомии Исроил, боз ҳам тавонотар ва қотеъонатар посух хоҳад дод.Сарвазири Исроил, Бенямин Натеняҳу гуфт, ҳамлаи Эронро пас гардонданду ваъда ваъда дод, ки бо талошҳои муштарак пирӯз хоҳад шуд.Маврид ба зикр аст, ки ин ҳамла посух ба зарбаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ хонда шуд. Бар асоси изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар ҳамлаи исроилӣ ҳафт афсари ин ниҳод, аз ҷумла ду мушовири аршади генералӣ - Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудс дар Сурия ва Лубнон ва ҷонишини у генерал Муҳаммад Раҳимӣ кушта шудаанд. Теҳрон гуфт, ҳаққи посух ба ин ҳамларо дорад.
https://sputnik.tj/20240412/saad-hifz-havo-osiyoi-miyona-1062454886.html
эрон
исроил
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1e/1060234499_0:0:732:549_1920x0_80_0_0_6e3610fbf65946b38df970e59e25c62b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, исроил, ҳамла, зарба, мушак
эрон, исроил, ҳамла, зарба, мушак
Эрон аз анҷоми ҳамла ба Исроил ва натиҷаҳои он гуфт
10:58 14.04.2024 (Навсозишуда: 11:01 14.04.2024) Гуфта мешавад, ки дар ҳамлаи Эрон ба сӯи Исроил беш 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки навъи аз замин ба замин партоб шудаанд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Эрон бузургтарин ҳамлаи худ ба Исроилро дар посух ба ҳамла ба консулгариаш дар Димишқ анҷом дод.
Корпуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ки ҳадафҳои муҳими низомиро дар сарзаминҳои ишғолнамудаи Исроил "бомуваффақият несту нобуд кардааст".
Намояндагии Эрон дар СММ бо истинод ба банди 51-и Оинномаи СММ дар бораи ҳуқуқи дифоъ гуфтааст, ки ин ҳамла дар посух ба зарба алайҳи ҳадафҳои дипломатӣ будааст.
Намояндагии доимии Эрон дар шарҳе гуфтааст, "ин масъаларо метавон анҷомшуда хонд".
Ба навиштаи расонаҳо, Эрон ба сӯи Исроил 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки навъи замин ба замин партоб кардааст.
Гуфта мешавад, ки аксари ин мушакҳо берун аз қаламрави Исроил нобуд карда шудаанд. Дар гардондани ҳамлаи бесарнишинҳо нерӯҳои Амрико ва Англия иштирок карданд.
Кишварҳои ғарбӣ ҳамларо маҳкум карданд, дабири кулли СММ гуфт, ки ҷаҳон наметавонад як ҷанги дигарро таҳаммул кунад ва хостори коҳиши шиддат шуд.Нишасти фаврии Шӯрои Амнияти СММ ба далели бад шудани вазъ дар Ховари Миёна баргузор мешавад.
Эрон гуфт, ки дунболи ташдид ё низоъ дар минтақа нест, аммо дар сурати таҷовузи низомии Исроил, боз ҳам тавонотар ва қотеъонатар посух хоҳад дод.
Сарвазири Исроил, Бенямин Натеняҳу гуфт, ҳамлаи Эронро пас гардонданду ваъда ваъда дод, ки бо талошҳои муштарак пирӯз хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ҳамла посух ба зарбаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ хонда шуд.
Бар асоси изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар ҳамлаи исроилӣ ҳафт афсари ин ниҳод, аз ҷумла ду мушовири аршади генералӣ - Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудс дар Сурия ва Лубнон ва ҷонишини у генерал Муҳаммад Раҳимӣ кушта шудаанд. Теҳрон гуфт, ҳаққи посух ба ин ҳамларо дорад.