https://sputnik.tj/20240414/khub-taghyirot-nizomi-nazorati-doruvori-iiao-1062468976.html
Хуб монаду ганда берун шавад: Тағйирот дар низоми назорати доруворӣ дар ИИАО
Хуб монаду ганда берун шавад: Тағйирот дар низоми назорати доруворӣ дар ИИАО
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ба қоидаҳои назорати маводи доруворӣ ва санҷишҳои фармасевтӣ тағйироти ҷадид ворид намудааст, иттилоъ дод КИАО.
2024-04-14T15:55+0500
2024-04-14T15:55+0500
2024-04-14T15:55+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
ииао
тандурустӣ
маводи доруворӣ
назорат
санҷиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044494084_0:43:3072:1771_1920x0_80_0_0_5538d31c3481fcd773b9d6b29b5f490f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Таҳкими таҷриби хуби назорати фармасевтӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи тағйирот бо қоидаҳои санҷишӣ мебошад, иттилоъ дод вазири танзими техникии иттиҳодия, Валентин Татаритский. Ба гуфтаи ӯ, риояи талаботи Қоидаҳои таҷрибаи хуби фармакологӣ ба беҳбуди вазъ дар ин бахш равона шудааст. "Тағйирот барои дар муомилоти бозори фармасевтии Иттиҳод нигоҳ доштани воситаҳои доруворие, ки профили мусбии фоида-хатар доранд ва аз муомилоту истеҳсолот берун овардани доруҳое, ки ба саломатии аҳолӣ хатар доранд, равона карда шудаанд", - гуфт Татаритский. Айни замон мақомоти ваколатдори давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низоми назорати фармакологии дорандагони шаҳодатномаҳои бақайдгирии доруҳоро тибқи қонунгузории кишварҳои узв тафтиш мекунанд. Ин барои истифодаи равишҳои мухталифи гузаронидани санҷишҳои фармасевтии системаи назорати фармасевтӣ ва эҳтимоли эътироф накардани натиҷаҳои чунин санҷишҳо дар кишварҳои алоҳидаи ИИАО шароит фароҳам меорад, омадааст дар иттилоия. Ҳуҷҷате, ки Шӯрои ЕЭК қабул кардааст, равишҳои ягонаро ба расмиёти гузаронидани санҷишҳои системаҳои назорати фармакологӣ ва ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзо муқаррар менамояд. Қавонини ягона санҷиши такрории истеҳсолкунандагони доруворӣ аз ҷониби ҳар як нозироти давлатҳои узвро истисно мекунанд, такъид кардаст КИАО.
https://sputnik.tj/20240411/eron-khostor-maqom-nozir-dar-iiao-1062440747.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044494084_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_a653b8ccdfedcfe67ca53a2275a543cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, назорат, доруворӣ, афзоиш, киао
тағйирот, назорат, доруворӣ, афзоиш, киао
Хуб монаду ганда берун шавад: Тағйирот дар низоми назорати доруворӣ дар ИИАО
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ба қоидаҳои назорати маводи доруворӣ ва санҷишҳои фармасевтӣ тағйироти ҷадид ворид намудааст, иттилоъ дод КИАО.
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Таҳкими таҷриби хуби назорати фармасевтӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи тағйирот бо қоидаҳои санҷишӣ мебошад, иттилоъ дод вазири танзими техникии иттиҳодия, Валентин Татаритский.
Ба гуфтаи ӯ, риояи талаботи Қоидаҳои таҷрибаи хуби фармакологӣ ба беҳбуди вазъ дар ин бахш равона шудааст.
"Тағйирот барои дар муомилоти бозори фармасевтии Иттиҳод нигоҳ доштани воситаҳои доруворие, ки профили мусбии фоида-хатар доранд ва аз муомилоту истеҳсолот берун овардани доруҳое, ки ба саломатии аҳолӣ хатар доранд, равона карда шудаанд", - гуфт Татаритский.
Айни замон мақомоти ваколатдори давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низоми назорати фармакологии дорандагони шаҳодатномаҳои бақайдгирии доруҳоро тибқи қонунгузории кишварҳои узв тафтиш мекунанд.
Ин барои истифодаи равишҳои мухталифи гузаронидани санҷишҳои фармасевтии системаи назорати фармасевтӣ ва эҳтимоли эътироф накардани натиҷаҳои чунин санҷишҳо дар кишварҳои алоҳидаи ИИАО шароит фароҳам меорад, омадааст дар иттилоия.
Ҳуҷҷате, ки Шӯрои ЕЭК қабул кардааст, равишҳои ягонаро ба расмиёти гузаронидани санҷишҳои системаҳои назорати фармакологӣ ва ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзо муқаррар менамояд.
Қавонини ягона санҷиши такрории истеҳсолкунандагони доруворӣ аз ҷониби ҳар як нозироти давлатҳои узвро истисно мекунанд, такъид кардаст КИАО.