https://sputnik.tj/20240413/kor-guruhho-tojikiston-qirghiziston-sughd-1062463290.html
Кори якҳафтаинаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд ба чӣ анҷомид
Кори якҳафтаинаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд ба чӣ анҷомид
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз вохӯриву мулоқотҳои якҳафтаина ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор кунанд
2024-04-13T11:53+0500
2024-04-13T11:53+0500
2024-04-13T11:55+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
амният ва мудофиа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт.Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.Бар хабари манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.Кори онҳо аз 7 то 13 апрел идома кард.Манбаъ афзуд, ки дар доираи ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳқиқоти муштараки саҳроӣ гузарониданд.Маврид ба зикр аст, ки ахиран рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28, 37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20240404/didor-raison-isfara-botkand-marz-barrasi-1062342154.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон марз
тоҷикистон қирғизистон марз
Кори якҳафтаинаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд ба чӣ анҷомид
11:53 13.04.2024 (Навсозишуда: 11:55 13.04.2024) Пас аз вохӯриву мулоқотҳои якҳафтаина ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор кунанд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Кори онҳо аз 7 то 13 апрел идома кард.
Манбаъ афзуд, ки дар доираи ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳқиқоти муштараки саҳроӣ гузарониданд.
"Ҷонибҳо кори худро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд", - омадааст дар хабари Кумита.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28, 37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.