https://sputnik.tj/20240404/didor-raison-isfara-botkand-marz-barrasi-1062342154.html
Дидори раисони Исфараву Ботканд дар марз: чиро баррасӣ карданд
Дидори раисони Исфараву Ботканд дар марз: чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин вохурӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд
2024-04-04T16:40+0500
2024-04-04T16:40+0500
2024-04-25T17:31+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
таъини хутути марз
исфара
бодканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/06/1029480639_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_88c600aec1e0f4c18ec7cfaa1cc04f02.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Раисони навоҳии марзии Тоҷикистону Қирғизистон дидору мулоқот карданд. Вохӯрӣ дар марзи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бо деҳаи Оқ Татири ноҳияи Ботканд баргузор шудааст.Дар ин бора котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, мулоқоти ҷонибҳоро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Ботканд Учқунбек Ҷоробоев роҳбарӣ кардаанд. Дар ин вохурӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштанд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28,37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд. Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20240330/tojikiston-qirghiziston-taqsim-marz-muvofiqa-rasidand-1062271424.html
қирғизистон
исфара
бодканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/06/1029480639_224:0:945:541_1920x0_80_0_0_e78744957929c45dbe6ede3b32609f55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дидор раисон исфарав ботканд марз
дидор раисон исфарав ботканд марз
Дидори раисони Исфараву Ботканд дар марз: чиро баррасӣ карданд
16:40 04.04.2024 (Навсозишуда: 17:31 25.04.2024) Дар ин вохурӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Раисони навоҳии марзии Тоҷикистону Қирғизистон дидору мулоқот карданд.
Вохӯрӣ дар марзи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бо деҳаи Оқ Татири ноҳияи Ботканд баргузор шудааст.
Дар ин бора котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гуфти манбаъ, мулоқоти ҷонибҳоро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Ботканд Учқунбек Ҷоробоев роҳбарӣ кардаанд.
“Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марзӣ аз ҷумла, тоза кардани ҷӯйбору наҳрҳои байнимарзӣ, обёрии заминҳо ва риояи санадҳои ҳуқуқиро баррасӣ карданд” – афзуд, Шомадов.
Дар ин вохурӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран рӯзҳои 24 – 29 марти соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид ва ҷонибҳо дар муайянкунии 28,37 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Ин ҷаласа зери роҳбарии раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.