Ҳушдор аз хатари омадани селҳо дар Тоҷикистон: кадом манотиқ?

© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаСели в Пяндже. Архивное фото
Сели в Пяндже. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2024
Обуна шудан
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар рӯзҳои хатарзо рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум ва ба шикору моҳидориӣ рафтан маслиҳат нест
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Давоми ду рӯзи оянда дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон хатари омадани сел пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо огоҳӣ ба шаҳрвандон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 12-13 апрели соли 2024 дар як катор ноҳияхои кӯҳии ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.
Ғайр аз ин бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад.
Ҳамчунин сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.
Селевой поток на дороге Худжанд-Аш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Қурбонӣ надошт: КҲФ гуфт, ки дар кадом манотиқ бештар селу ярч фаромад
Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидориӣ маслиҳат нест.
Таъкид шудааст, ки Сокинон бояд каналу ҷӯёборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.
Ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ тавсия шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0