https://sputnik.tj/20240412/muhriddin-lavrov-amalhoi-terroristi-millat-qavm-nisbat-1062462340.html
Муҳриддин ба Лавров: Амалҳои террористӣ набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шавад
Муҳриддин ба Лавров: Амалҳои террористӣ набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия омодагии кишварашро ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самти муҳоҷират ва дигар бахшҳо изҳор дошт
2024-04-12T19:52+0500
2024-04-12T19:52+0500
2024-04-12T19:52+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
сиёсат
амалҳои террористӣ
миллат
сергей лавров
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0c/1062462176_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_07df3da22f2a217182a93960363964ba.jpg
Дар шаҳри Минск миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дидору мулоқот баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.Вазирони хориҷаи ду кишвар дар ин дидор масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре манбаъ қайд кардааст, дар аснои суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки амалҳои террористӣ новобаста аз ҳадафҳои худ, наметавонад ва набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шавад.Зикр гардидааст, ки Сергей Лавров бо ибрози ҳусни тафоҳум ба мавқеи С.Муҳриддин қайд кард, ки ақидаҳои болозикрро ҷонибдор аст.Вазири корҳои хориҷии Русия омодагии кишварашро ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самти муҳоҷират ва дигар бахшҳо изҳор намудааст.Ҳамзамон зикр гардидааст, ки сӯҳбат дар фазои ҳусни созандагӣ доир шуд.Ёдовар мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар зимни нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ дар Минск изҳор дошт, ки Душанбе интизори тафтишоти беғаразона ва одилонаи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" аст.Муҳриддин инчунин аз шеваи боздошти гумонбарони ҳамла ба Крокус нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро риоя намоянд."Бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро риоя кунанд”, - гуфт Муҳриддин.Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки "намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайри қобили қабул аст. Нархи эътирофи бо ин роҳ ба даст овардашуда ба ҳама маълум аст".Муҳриддин афзуд, ташаккул ёфтани тасаввуроти манфӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст.Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти вазирон дар Минск гуфт, ин гуна тасаввурот нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар паҳн шудани иттилооти нодурст пайдо гардид."Дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро набояд роҳ дод", - афзуд вазир.
https://sputnik.tj/20240412/dushanbe-munsifona-fojia-krokus-muhriddin-shikanja-1062456719.html
https://sputnik.tj/20240412/payvandi-tamaddun-tojikiston-rusiya-video-1062460004.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0c/1062462176_69:0:1136:800_1920x0_80_0_0_f7f3c267e7d49db55881dad5148d541d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, амалҳои террористӣ, лавров, муҳриддин, мулоқт, миллат, қавм, омодагӣ
тоҷикистон, русия, амалҳои террористӣ, лавров, муҳриддин, мулоқт, миллат, қавм, омодагӣ
Муҳриддин ба Лавров: Амалҳои террористӣ набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шавад
Вазири хориҷаи Русия омодагии кишварашро ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самти муҳоҷират ва дигар бахшҳо изҳор дошт
Дар шаҳри Минск миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дидору мулоқот баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Вазирони хориҷаи ду кишвар дар ин дидор масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре манбаъ қайд кардааст, дар аснои суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки амалҳои террористӣ новобаста аз ҳадафҳои худ, наметавонад ва набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шавад.
“Сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Русия ва Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки нисбат ба ин масъалаҳо рӯйкарди бомасъулиятона дошта бошанд”, - қайд кардааст вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Зикр гардидааст, ки Сергей Лавров бо ибрози ҳусни тафоҳум ба мавқеи С.Муҳриддин қайд кард, ки ақидаҳои болозикрро ҷонибдор аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия омодагии кишварашро ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самти муҳоҷират ва дигар бахшҳо изҳор намудааст.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки сӯҳбат дар фазои ҳусни созандагӣ доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар зимни нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ дар Минск изҳор дошт, ки Душанбе интизори тафтишоти беғаразона ва одилонаи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" аст.
“Ҳама бояд ҷазо гиранд: созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш”, - таъкид намуд вазири тоҷик.
Муҳриддин инчунин аз шеваи боздошти гумонбарони ҳамла ба Крокус нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро риоя намоянд.
"Бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро риоя кунанд”, - гуфт Муҳриддин.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки "намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайри қобили қабул аст. Нархи эътирофи бо ин роҳ ба даст овардашуда ба ҳама маълум аст".
Муҳриддин афзуд, ташаккул ёфтани тасаввуроти манфӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти вазирон дар Минск гуфт, ин гуна тасаввурот нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар паҳн шудани иттилооти нодурст пайдо гардид.
"Дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро набояд роҳ дод", - афзуд вазир.