https://sputnik.tj/20240412/dushanbe-munsifona-fojia-krokus-muhriddin-shikanja-1062456719.html
Душанбе таҳқиқи мунсифонаи фоҷиаи "Крокус"-ро хост: Вазири тоҷик аз шиканҷаю эътироф гуфт
Душанбе таҳқиқи мунсифонаи фоҷиаи "Крокус"-ро хост: Вазири тоҷик аз шиканҷаю эътироф гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Душанбе интизори тафтишоти беғаразона ва одилонаи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" аст. Вазири тоҷик аз шеваи боздошту шиканҷаи муттаҳамон нигаронӣ кард 12.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-12T17:17+0500
2024-04-12T17:17+0500
2024-04-12T17:17+0500
дар тоҷикистон
таҳқиқ
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
идм
террор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/19/1062209135_0:176:3017:1873_1920x0_80_0_0_f908402ee2145aeab784c616c4705fa1.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдорияшро аз муҷозоти созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш дар "Крокус Сити Хол" баён дошта, муҳияти тафтишоти беғаразона ва одилонаи қазияро таъкид намуд. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ дар Минск изҳор дошт. Муҳриддин инчунин аз шеваи боздошти гумонбарони ҳамла ба Крокус нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро риоя намоянд. "Бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро риоя кунанд”, - гуфт Муҳриддин. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки "намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайри қобили қабул аст. Нархи эътирофи бо ин роҳ ба даст овардашуда ба ҳама маълум аст".Муҳриддин афзуд, ташаккул ёфтани тасаввуроти манфӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти вазирон дар Минск гуфт, ин гуна тасаввурот нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар паҳн шудани иттилооти нодурст пайдо гардид. "Дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро набояд роҳ дод", - афзуд вазир.Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 11 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 10 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.
https://sputnik.tj/20240405/korshinos-krokus-rusiya-siyosati-tijori-video-1062353851.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/19/1062209135_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_25c4f788ef427e59894e5ba0933b2789.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, таҳқиқ, сиёсат , сироҷиддин муҳриддин, идм, террор
дар тоҷикистон, таҳқиқ, сиёсат , сироҷиддин муҳриддин, идм, террор
Душанбе таҳқиқи мунсифонаи фоҷиаи "Крокус"-ро хост: Вазири тоҷик аз шиканҷаю эътироф гуфт
Душанбе интизори тафтишоти беғаразона ва одилонаи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" аст. Вазири тоҷик аз шеваи боздошту шиканҷаи муттаҳамон нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдорияшро аз муҷозоти созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш дар "Крокус Сити Хол" баён дошта, муҳияти тафтишоти беғаразона ва одилонаи қазияро таъкид намуд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ дар Минск изҳор дошт.
"Ҳама бояд ҷазо гиранд: созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш”, - таъкид намуд вазири тоҷик.
Муҳриддин инчунин аз шеваи боздошти гумонбарони ҳамла ба Крокус нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро риоя намоянд.
"Бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро риоя кунанд”, - гуфт Муҳриддин.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки "намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайри қобили қабул аст. Нархи эътирофи бо ин роҳ ба даст овардашуда ба ҳама маълум аст".
Муҳриддин афзуд, ташаккул ёфтани тасаввуроти манфӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти вазирон дар Минск гуфт, ин гуна тасаввурот нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар паҳн шудани иттилооти нодурст пайдо гардид.
"Дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро набояд роҳ дод", - афзуд вазир.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.
Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 11 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 10 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.