https://sputnik.tj/20240103/eron-sjt-talosh-nadorad-briks-shsh-iiao-hastand-1061154404.html
Эрон гуфт, вақте БРИКС, СҲШ ва ИИАО ҳаст, ба сӯи СҶТ талош надорад
Эрон гуфт, вақте БРИКС, СҲШ ва ИИАО ҳаст, ба сӯи СҶТ талош надорад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пайвастан ба созмонҳои бузург, ки меҳвари фаъолияташон бештар иқтисод аст, талош ба самти узвият ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро надорад
2024-01-03T17:45+0500
2024-01-03T17:45+0500
2024-01-04T14:57+0500
эрон
иқтисод
сҷт
брикс
ииао
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_0:96:3303:1954_1920x0_80_0_0_65e6debd7ddf766b8f40c5addc35a8d1.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Теҳрон зарурати пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро намебинад, зеро созмонҳои минтақавӣ аз қабили БРИКС, СҲШ, ИИАО ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки Эрон узви аз онҳост. Дар ин бора, муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар умури дипломатияи иқтисодӣ Меҳдӣ Сафарӣ дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфт.Муовини вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки агар ба Эрон пешниҳоди ширкат дар СҶТ шавад, ин кишвар аз чунин иқдом истиқбол мекунад ва узви ин созмон мешавад, аммо таъкид кард, ки ба шарофати узвияти Ҷумҳурии Исломӣ дар анҷуманҳое, ки аз он ном бурдааст, “ талабот дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалан қонеъ карда мешавад".Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, “тиҷорати озод бо ИИАО ба равобити мо (Эрон ва Русия - ред.) дар арсаи тиҷорат - ҳам воридот ва ҳам содирот - таъсири бузург хоҳад гузошт, ки дар натиҷа миёни Эрон ва Русия дар БРИКС ва СҲШ шояд "заминаи ҳамкориҳои хуб дар бахшҳои молия, транзит, энержӣ, фаннӣ ва илмӣ ташаккул ёбад".Дар нишасти БРИКС дар Африқои Ҷанубӣ дар моҳи августи соли 2023 президенти ин кишвар Сирил Рамафоса эълом дошт, ки аъзои ин созмон тасмим гирифтаанд, Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабро барои узвияти комилҳуқуқи БРИКС бипазиранд.Баъдтар Аргентина аз пайвастан даст кашид. Иштироки пурраи кишварҳои нав дар ин созмон аз 1 январи соли 2024 оғоз шуд. Тавре муовини раиси вазорати хориҷаи Русия Сергей Рябков дар пайи нишасти Йоҳаннесбург гуфт, давлате, ки мехоҳад ба БРИКС шомил шавад, набояд алайҳи кишварҳои узви ин иттиҳодия таҳрим ҷорӣ кунад.Кишварҳои ИИАО дар охири моҳи декабри соли 2023 бо Эрон як созишномаи васеъмиқёси тиҷорати озодро имзо карданд, ки бояд созишномаи муваққатии аз соли 2019 амалкунандаро иваз кунад. Имзо дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург сурат гирифт. Имзоҳоро дар ин маросим раиси ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Михаил Мясникович, муовини нахуствазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук ва вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Аббос Алиободӣ имзо карданд. Созишномаро намояндагони Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ имзо карданд.СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Ба он Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон шомиланд. Кишварҳои нозир Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, АМА, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
https://sputnik.tj/20231225/kishvarhoi-iiao-eron-sozishnoma-tijorat-ozod-imzo-1061051155.html
https://sputnik.tj/20240101/sodiroti-mahsuloti-kishovarzi-az-kishvarhoi-iiao-ba-eron-dar-panj-sol-panj-barobar-afzudaast-1061146391.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_286:0:3017:2048_1920x0_80_0_0_7d9a03dea78da44980e494ff51895202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон брикс, сҳш ииао сҷт талош
эрон брикс, сҳш ииао сҷт талош
Эрон гуфт, вақте БРИКС, СҲШ ва ИИАО ҳаст, ба сӯи СҶТ талош надорад
17:45 03.01.2024 (Навсозишуда: 14:57 04.01.2024) Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пайвастан ба созмонҳои бузург, ки меҳвари фаъолияташон бештар иқтисод аст, талош ба самти узвият ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро надорад
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Теҳрон зарурати пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро намебинад, зеро созмонҳои минтақавӣ аз қабили БРИКС, СҲШ, ИИАО ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки Эрон узви аз онҳост.
Дар ин бора, муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар умури дипломатияи иқтисодӣ Меҳдӣ Сафарӣ дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфт.
"Мо як кишвари нозир (СҶТ - ред.) ҳастем, аммо бо узвият дар БРИКС, СҲШ, СҲИ ва ИИАО- инҳоро ҷамъ кунед, шумо СҶТ-ро дар худ мегиред! Мо лозим намебинем, ки талош кунем (барои узвият дар СҶТ - ред.), дар ин созмонҳо мо қариб ба таври худкор дар сатҳи минтақавӣ узви СҶТ шудем ва имтиёзҳои худро мегирем , ин мавқеи ғолиб барои ҳамаи тарафҳо аст",- гуфт Сафарӣ.
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки агар ба Эрон пешниҳоди ширкат дар СҶТ шавад, ин кишвар аз чунин иқдом истиқбол мекунад ва узви ин созмон мешавад, аммо таъкид кард, ки ба шарофати узвияти Ҷумҳурии Исломӣ дар анҷуманҳое, ки аз он ном бурдааст, “ талабот дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалан қонеъ карда мешавад".
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, “тиҷорати озод бо ИИАО ба равобити мо (Эрон ва Русия - ред.) дар арсаи тиҷорат - ҳам воридот ва ҳам содирот - таъсири бузург хоҳад гузошт, ки дар натиҷа миёни Эрон ва Русия дар БРИКС ва СҲШ шояд "заминаи ҳамкориҳои хуб дар бахшҳои молия, транзит, энержӣ, фаннӣ ва илмӣ ташаккул ёбад".
Дар нишасти БРИКС дар Африқои Ҷанубӣ дар моҳи августи соли 2023 президенти ин кишвар Сирил Рамафоса эълом дошт, ки аъзои ин созмон тасмим гирифтаанд, Аргентина, Миср, Эфиопия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабро барои узвияти комилҳуқуқи БРИКС бипазиранд.
Баъдтар Аргентина аз пайвастан даст кашид.
Иштироки пурраи кишварҳои нав дар ин созмон аз 1 январи соли 2024 оғоз шуд. Тавре муовини раиси вазорати хориҷаи Русия Сергей Рябков дар пайи нишасти Йоҳаннесбург гуфт, давлате, ки мехоҳад ба БРИКС шомил шавад, набояд алайҳи кишварҳои узви ин иттиҳодия таҳрим ҷорӣ кунад.
Кишварҳои ИИАО дар охири моҳи декабри соли 2023 бо Эрон як созишномаи васеъмиқёси тиҷорати озодро имзо карданд, ки бояд созишномаи муваққатии аз соли 2019 амалкунандаро иваз кунад.
Имзо дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург сурат гирифт. Имзоҳоро дар ин маросим раиси ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Михаил Мясникович, муовини нахуствазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук ва вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Аббос Алиободӣ имзо карданд.
Созишномаро намояндагони Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ имзо карданд.
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Ба он Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон шомиланд. Кишварҳои нозир Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, АМА, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.