Қурбонӣ надошт: КҲФ гуфт, ки дар кадом манотиқ бештар селу ярч фаромад

© фото очевидцевСелевой поток на дороге Худжанд-Аш
Селевой поток на дороге Худжанд-Аш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Обуна шудан
Паёмадҳои селу обхезӣ ва сангрезиҳои ахир, ки бештар аз ҳама дар Хатлон ва навоҳии тобеи марказ сабт шудааст, бартараф карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Селхезиҳои ахир дар Тоҷикистон дар пай хисороти ҷониву иқтисодӣ надошт.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Умеда Юсуфӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи ахир дар пайи номусоидии боду ҳаво дар навоҳии Ёвон, Шаҳринав, Хуросон, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Роғун омадани селу фаромадани ярч сабт шуд.
Сухангӯи кумита гуфт, ки бештар омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар Хатлон, ноҳияи Хуросон, Ҷомӣ, Н. Хисрав, Шаҳри Данғара, ноҳияи Темурмалик сабт шудааст.
Ӯ гуфт, махсусан дар пайи боришоти тӯлонӣ ва обхезӣ саҳни 25 бинои истиқоматии шаҳрвандони деҳаи Чорбоғ-2-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зери об монда, 20 хонавода (80 нафар) муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

"Дар ҳама манотиқе, ки сел фаромад, комиссияҳои вижаи шаҳру ноҳиявӣ кор мекунанд ва корҳои бартарафсозии оқибатҳои селу ярчҳо идома доранд",- афзуд манбаъ.

Кормандони КҲФ аз 19 то 27 март ба ҳолати пурзӯри омодабошӣ гузаштанд, афзуд Юсуфӣ.
Ин ниҳод дигарбора ҳушдор медиҳад, ки то 27 марти соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма, ярч ва сангрезиҳо идома меёбад.
КҲФ дар робита ба шароити обу ҳаво аз аҳолӣ дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо дар наздикии обанборҳо наистанд, моҳидорӣ накунанд, ба шикор нараванд ва ҳамчунин аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо худдорӣ намоянд.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои оддии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳосил ва ҳезум худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0