https://sputnik.tj/20240410/peshnihod-davat-zanon-artish-ukraina-1062424459.html
Пешниҳоди даъвати занон ба артиш дар Украина
Пешниҳоди даъвати занон ба артиш дар Украина
Sputnik Тоҷикистон
Мушовири қувваҳои мусаллаҳи Украина бовар дорад, ки дар шароити камбуди одамон барои сафарбарсозӣ ба хидмати ҳарбӣ даъвати занон мушкилро ҳал хоҳад кард
2024-04-10T17:17+0500
2024-04-10T17:17+0500
2024-04-10T17:17+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
нерӯ
украина
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
амалиёт
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5b2542b852bff199169ba37439cb8716.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Киев бояд занонро ба артиш ҷалб кунад, ҳамон тавре ки дар Исроил сурат мегирад, изҳор доштаст мушовири фармондеҳи нерӯҳои заминии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар умури гендерӣ, Оксана Григорева, ба рӯзномаи Times. "Дар конститутсияи мо гуфта шудааст, ки ҳар як украинӣ вазифадор аст, ки Ватани худро дифоъ кунад, аз ин рӯ барои занон низ хизмат кардан дуруст мебуд", - гуфтаст ӯ. Вай афзудаст, ки ба монанди Исроил бояд дар Украина ҳам мардон ва ҳам занонро тамрин дод, ки то онҳо ба ҷанг омода бошанд. Ба андешаи мушовир, Украина бояд барои он омода шавад, ки дар солҳои наздик занонро сафарбар кунад, ки барои ҳалли масъалаи нарасидани кадрҳо зарур аст. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 65 ҳазор зан дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекунанд, ки ин рақам аз соли 2021 тақрибан 40% афзоиш ёфтааст. Маврид ба зикр аст, ки дар Украина ҳеч наметавонанд лоиҳаи қонун дар бораи сафарбаркуниро қабул кунанд. Варианти якум барои таҷдиди назар фиристода шуда, дуюмаш дар аввали моҳи феврал дар хониши якум қабул карда шуд. Бар хилофи варианти қаблӣ, он даъвати маъюбонро ба артиш пешбинӣ намекунад, балки худи ин равандро ба таври қобили мулоҳиза сахттар мекунад. Тибқи тарҳи нав, афроди ба хидмати ҳарбӣ муваззафшуда бояд дар муддати 60 рӯз пас аз эълони сафарбарӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд ва сабти номи худро мушаххас кунанд. Даъватномаро тавассути суроға электронии даъватшаванда фиристодан мумкин аст. Ин тарҳ ҳамчунин шаҳрвандони аз 18 то 60-соларо муваззаф кардааст, ки дар давраи сафарбарӣ бо худ асноди сабти номи ҳарбӣ дошта, бо дархости кормандони комиссариати ҳарбӣ, пулис ва нерӯҳои марзбонӣ пешниҳод кунанд.
https://sputnik.tj/20240410/cuzandorui-marg-dar-gharb-kohish-dodani-aholi-1062420085.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_084b85b88f752fb259d985c630fefde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
занон, артиш, украина, даъват, мушовир, қувва
занон, артиш, украина, даъват, мушовир, қувва
Пешниҳоди даъвати занон ба артиш дар Украина
Мушовири қувваҳои мусаллаҳи Украина бовар дорад, ки дар шароити камбуди одамон барои сафарбарсозӣ ба хидмати ҳарбӣ даъвати занон мушкилро ҳал хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Киев бояд занонро ба артиш ҷалб кунад, ҳамон тавре ки дар Исроил сурат мегирад, изҳор доштаст мушовири фармондеҳи нерӯҳои заминии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар умури гендерӣ, Оксана Григорева, ба рӯзномаи Times.
"Дар конститутсияи мо гуфта шудааст, ки ҳар як украинӣ вазифадор аст, ки Ватани худро дифоъ кунад, аз ин рӯ барои занон низ хизмат кардан дуруст мебуд", - гуфтаст ӯ.
Вай афзудаст, ки ба монанди Исроил бояд дар Украина ҳам мардон ва ҳам занонро тамрин дод, ки то онҳо ба ҷанг омода бошанд.
Ба андешаи мушовир, Украина бояд барои он омода шавад, ки дар солҳои наздик занонро сафарбар кунад, ки барои ҳалли масъалаи нарасидани кадрҳо зарур аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 65 ҳазор зан дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат мекунанд, ки ин рақам аз соли 2021 тақрибан 40% афзоиш ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Украина ҳеч наметавонанд лоиҳаи қонун дар бораи сафарбаркуниро қабул кунанд.
Варианти якум барои таҷдиди назар фиристода шуда, дуюмаш дар аввали моҳи феврал дар хониши якум қабул карда шуд. Бар хилофи варианти қаблӣ, он даъвати маъюбонро ба артиш пешбинӣ намекунад, балки худи ин равандро ба таври қобили мулоҳиза сахттар мекунад.
Тибқи тарҳи нав, афроди ба хидмати ҳарбӣ муваззафшуда бояд дар муддати 60 рӯз пас аз эълони сафарбарӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд ва сабти номи худро мушаххас кунанд. Даъватномаро тавассути суроға электронии даъватшаванда фиристодан мумкин аст.
Ин тарҳ ҳамчунин шаҳрвандони аз 18 то 60-соларо муваззаф кардааст, ки дар давраи сафарбарӣ бо худ асноди сабти номи ҳарбӣ дошта, бо дархости кормандони комиссариати ҳарбӣ, пулис ва нерӯҳои марзбонӣ пешниҳод кунанд.