https://sputnik.tj/20240410/nbo-roghun-hududi-hazor-mutakhassis-kor-1062407612.html
Раҳмон теъдоди мутахассисон дар "Роғун" ва ҳаҷми маошашонро гуфт
Раҳмон теъдоди мутахассисон дар "Роғун" ва ҳаҷми маошашонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз насли хурдсоли кишвар хост, ки хуб таҳсил кунанду аз ин роҳ мутахассис шаванду барои худ ҳаёти арзандаро таъмин созанд
2024-04-10T13:46+0500
2024-04-10T13:46+0500
2024-04-10T13:46+0500
энергетика
дар тоҷикистон
сохтмон
нерӯгоҳ
нбо "роғун"
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/83/1029828356_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_1c94370e1c57fbe2257d557545f8e76f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар "Роғун" ҳудуди 16 ҳазор мутахассис кор мекунанд, ки беш аз 99%-и онҳо худи тоҷиконистониҳоянд. Ин нуктар раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбаташ бо кӯдакон дар Суғд баён дошта, аҳамияти таҳсил ва мутахассис шуданро таъкид намуд. Раҳмон гуфт, мутахасисон дар "Роғун" дар чуқурии то 300 метр кор мекунанд, чун қисмати аъзами нерӯгоҳ маҳз дар зери замин сохта мешавад. Президент гуфт, мутахассисон дар "Роғун" то 10- 15 ҳазор сомонӣ маош мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳи мазкур 5 млрд сомонӣ равона гардид. Вазорати молия мегӯяд, талош мекунанд, 2,2 млрд сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.Соли гузашта аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" 5,2 млрд сомонӣ сарф шуд, ки нисбати нақша 2,7 млрд сомонӣ зиёд аст.Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ҳадаф нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ҷойҳои корию расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, илова намуд вазир.Мақомоти энергетикии Тоҷикистон қаблан изҳор доштанд, ки барои татбиқи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ равона карда шавад.Вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи он, ки оё ин имконпазир аст, изҳор дошт, ки тамоми талошҳо барои ҷалби маблағгузориҳо ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амалӣ шуда истодаанд.
https://sputnik.tj/20240214/ayb-tabiat-mudiriyat-charo-barq-1061682905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/83/1029828356_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_5c965bfcb3948400597d477116fc5583.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, мушаххас, маош, ҳаёт, таҳсил
эмомалӣ раҳмон, мушаххас, маош, ҳаёт, таҳсил
Раҳмон теъдоди мутахассисон дар "Роғун" ва ҳаҷми маошашонро гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз насли хурдсоли кишвар хост, ки хуб таҳсил кунанду аз ин роҳ мутахассис шаванду барои худ ҳаёти арзандаро таъмин созанд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар "Роғун" ҳудуди 16 ҳазор мутахассис кор мекунанд, ки беш аз 99%-и онҳо худи тоҷиконистониҳоянд.
Ин нуктар раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбаташ бо кӯдакон дар Суғд баён дошта, аҳамияти таҳсил ва мутахассис шуданро таъкид намуд.
Раҳмон гуфт, мутахасисон дар "Роғун" дар чуқурии то 300 метр кор мекунанд, чун қисмати аъзами нерӯгоҳ маҳз дар зери замин сохта мешавад. Президент гуфт, мутахассисон дар "Роғун" то 10- 15 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар назар аст, ки барои сохтмони нерӯгоҳи мазкур 5 млрд сомонӣ равона гардид. Вазорати молия мегӯяд, талош мекунанд, 2,2 млрд сомониро аз хориҷ ва боқимондаро аз манобеи дохилӣ ҷалб созанд.
Соли гузашта аз буҷаи Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" 5,2 млрд сомонӣ сарф шуд, ки нисбати нақша 2,7 млрд сомонӣ зиёд аст.
Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ҳадаф нигоҳ доштани суръати сохтмони нерӯгоҳ, ҷойҳои корию расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, илова намуд вазир.
Мақомоти энергетикии Тоҷикистон қаблан изҳор доштанд, ки барои татбиқи "Роғун" ҳамасола зарур аст, ки ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ равона карда шавад.
Вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи он, ки оё ин имконпазир аст, изҳор дошт, ки тамоми талошҳо барои ҷалби маблағгузориҳо ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" амалӣ шуда истодаанд.