https://sputnik.tj/20240410/id-fitr-tojikiston-video-1062429957.html
Иди Фитр дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт - видео
Иди Фитр дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 10 апрел, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон иди Фитр эълон шудааст, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз намози дастаҷамъӣ дар масоҷид оғоз шуд
2024-04-10T18:32+0500
2024-04-10T18:32+0500
2024-04-10T18:32+0500
видео
дар тоҷикистон
намоз
ид
иди фитр
душанбе
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062429519_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_06bf2aefc5e89fd83a13d6cc9fd72dfc.png
Масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ва назди он саҳни бозори "Панҷшанбе" низ субҳи рӯзи 10 апрел серодам буд. Ҳазорон тан намозгузорони маркази вилоят барои адои намози ид ба ин макон омаданд. Дар масҷиди марказии ҷомеи Душанбе намози идона соати 06:30 дақиқа баргузор гардид. Чунин ҳолат дар қишлоқи Басмандаи ноҳияи Деваштич низ ҷой дошт. Баробари намоз дар иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.Дар намози иди Маскав ҳамла дар "Крокус"-ро маҳкум карданд - видеоДар рӯзҳои ид барои мардум фаҳмонда шуд, ки дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишварамон мебошанд, изҳор дошта буд ахиран раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон. Падару модарон ба ҷойи оростани дастархони исрофкоронаи рӯзи ид, яъне ба ҷойи харҷу исрофи намоишкоронаи якрӯза бояд дар фикри он бошанд, ки ҳар рӯз барои аҳли оила ва фарзандонашон фазои идона муҳайё созанд, то онҳо эҳсос кунанд, ки ҳар рӯз барояшон ид аст, таъкид кард ӯ.
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062429519_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_ab5d9d9a5fb5d3c44ba6efd3a3085fa7.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҷлил, фитр, тоҷикистон, навоҳӣ, видео
таҷлил, фитр, тоҷикистон, навоҳӣ, видео
Иди Фитр дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт - видео
Рӯзи 10 апрел, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон иди Фитр эълон шудааст, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз намози дастаҷамъӣ дар масоҷид оғоз шуд
Масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ва назди он саҳни бозори "Панҷшанбе" низ субҳи рӯзи 10 апрел серодам буд.
Ҳазорон тан намозгузорони маркази вилоят барои адои намози ид ба ин макон омаданд.
Дар масҷиди марказии ҷомеи Душанбе намози идона соати 06:30 дақиқа баргузор гардид. Чунин ҳолат дар қишлоқи Басмандаи ноҳияи Деваштич низ ҷой дошт.
Баробари намоз дар иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.
Дар рӯзҳои ид барои мардум фаҳмонда шуд, ки дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишварамон мебошанд, изҳор дошта буд ахиран раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон.
Падару модарон ба ҷойи оростани дастархони исрофкоронаи рӯзи ид, яъне ба ҷойи харҷу исрофи намоишкоронаи якрӯза бояд дар фикри он бошанд, ки ҳар рӯз барои аҳли оила ва фарзандонашон фазои идона муҳайё созанд, то онҳо эҳсос кунанд, ки ҳар рӯз барояшон ид аст, таъкид кард ӯ.