Дар намози идонаи Маскав ҳамла дар "Крокус Сити Холл"-ро маҳкум карданд - видео

Обуна шудан
Ҳазорон мусалмон дар Маскав, аз ҷумла ҷамъияти тоҷикон дар масҷиди марказӣ дар хиёбони Мир намози идона гузоштанду мавъизаро шуниданд
Дар мавъиза ба муносибати Иди Фитр ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" маҳкум шуданд.
Мавзъизаро ҳазорон мусалмон дар Маскав, аз ҷумла ҷамъияти тоҷикон дар масҷиди марказӣ дар хиёбони Мир шуниданд, ки барои баргузории намози ид ҷамъ омада буданд.
Масҷиди марказӣ на ҳамаи ҷамъомадагонро ғунҷонданд, бинобар ин бисёре аз намозгузорон ибодати идонаро дар кӯчаҳо анҷом доданд.
Намози ид дар Маскаву Душанбе чӣ гуна гузашт? - аксҳо
Зимни суҳбат дар мавриди ҳамла ба "Крокус Сити Холл", имомхатиб омилони онро пайравони шайтон хонда, афзуд, ки агар ба дастури Худованд пойдор мемонданд, ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намезаданд.

Онҳо ба шайтон итоат карданд на Аллоҳ, ки ба куштани фарзандон, падарон ва модарон даст заданд гуфт имом-хатиб.
Дар намози иди Маскав ҳамчунин бахше аз мавъиза ба арзишҳои оилавӣ, тарбия, урфу одат, ахлоқу маънавият бахшида шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0