Раҳмон хост, ки номи неки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ доғдор накунанд

© Flickr \ Пресс-служба Президента Таджикистана Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2024
Обуна шудан
Тарбияи фарзандон яке аз мавзуъҳои меҳварии паёми шодбошии раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми кишвар бахшида ба иди саиди Фитр буд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бояд фарзандонро тавре тарбия кард, ки номбардори падару модар бошанд, обрӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд, на ин ки боиси доғдор шудани номи неки миллати тоҷик гарданд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати иди Фитр баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки рафтори нангин ба шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик муносиб нест.
"Ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд, бо фарзандони худ дар ҳар ҷое, ки бошанд, робита дошта бошанд ва онҳоро ҳамеша ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд", - гуфт ӯ.
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Муттаҳамон дар ҳамла ба "Крокус" номи саркардаашонро гуфтанд: нашри бозпурсиҳои нав
Раҳмон зарур хонд, ки тамоми ҷомеа ба илму маориф рӯ оварад ва ба таҳсили фарзандон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва босаводу соҳибмаърифат гардонидани наврасону ҷавонон эътибори аввалиндараҷа диҳад.
"Мо дида истодаем, ки вазъияти ҷаҳони муосир чӣ қадар ҳассос гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи нави "ҷанги сард" рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст ва касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чӣ мешавад", - ҳушдор дод Раҳмон.
Вай даъват намуд, ки дар чунин шароити ниҳоят мураккабу хатарзо набояд гузошт, ки шаҳрвандон ва фарзандон бозичаи дасти гурӯҳу қувваҳои манфиатҷӯй гарданд.
Лентаи хабарҳо
0