Нархи визаи Туркия барои тоҷикистониҳо маълум шуд

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2024
Обуна шудан
Ҳангоми сафарҳои транзитӣ аз тариқи Туркия бидуни вуруд ба кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистон аз гирифтани раводид озод боқӣ мемонанд, иттилоъ дод сафорат
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Нархи раводид барои вуруд ба Туркия аз 60 то 190 доллар муқаррар шудааст.
Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар додааст.

"Арзиши раводиди яккаратаи Туркия 60 доллар, раводиди бисёркарата 190 доллар аст", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин қайд карда мешавад, ки барои онҳое, ки парвози транзитӣ доранд, раводид талаб карда намешавад.
Низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Туркия аз 20 апрел ҷорӣ мешавад.
Сафари тоҷикистониҳо ба Туркия аз тариқи раводид интизор меравад, ки муваққатӣ бошад, иттилоъ дод сафорати Туркия дар Тоҷикистон.
Здание МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2024
Тоҷикистон баъди ҷорӣ кардани низоми раводид аз cӯи Туркия чораҳои ҷавобиро баррасӣ дорад
Ба иттилои манбаъ, то 20 апрел тоҷикистониҳо бидуни мушкил метавонанд ба Туркия сафар кунанд.
Ҳангоми сафарҳои транзитӣ аз тариқи Туркия бидуни вуруд ба кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистон аз гирифтани раводид озод боқӣ мемонанд.
Таъкид шудааст, ки барои сафарҳо баъди 20 апрел тоҷикистониҳоро зарур аст, аз сафорат ё намояндагиҳои Туркия раводид гиранд.
То ин сана тоҷикистониҳо метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.
Лентаи хабарҳо
0