https://sputnik.tj/20240406/tojikiston-nizom-ravodid-turkiya-choraho-javob-1062369041.html
Тоҷикистон баъди ҷорӣ кардани низоми раводид аз cӯи Туркия чораҳои ҷавобиро баррасӣ дорад
Тоҷикистон баъди ҷорӣ кардани низоми раводид аз cӯи Туркия чораҳои ҷавобиро баррасӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
ВКХ Тоҷикистон эълом кард, ки Туркия то ҳол Тоҷикистонро тавассути каналҳои дипломатӣ дар бораи лағви режими раводид барои шаҳрвандони ин кишвар огоҳ... 06.04.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-04-06T19:59+0500
2024-04-06T19:59+0500
2024-04-06T19:59+0500
дар тоҷикистон
туркия
сиёсат
вух-и тоҷикистон
раводид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_374a88d7491bec3a0a3bc821ced3ab9c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад. Ин шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар пайи лағви вуруди бидуни раводид барои шаҳрвандони ин кишвар садо дод.Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Туркия то ҳол Тоҷикистонро дар бораи лағви низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ин кишвар бо шиносномаҳои хориҷии муқаррарӣ тавассути каналҳои дипломатӣ огоҳ накардааст. "Тибқи таҷрубаи байналмилалӣ, ҷониби Туркия мебоист ҷониби Тоҷикистонро дар бораи санаи ҷорӣ кардани низоми раводид пешакӣ огоҳ мекард. Мо қайд мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол аз тариқи шабакаҳои дипломатӣ чунин маълумот дарёфт накардааст", - омадааст дар хабар.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардааст. Фармони дахлдори раисиҷумҳури кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар рӯзномаи расмии ҳукуматии Resmi gazete нашр шудааст.
https://sputnik.tj/20240406/erdughon-vurud-shahrvandon-tojikiston-turkiya-man-1062362042.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_22c39969fa6f11f79914b9bfe453cab5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, туркия, сиёсат , вух-и тоҷикистон, раводид
дар тоҷикистон, туркия, сиёсат , вух-и тоҷикистон, раводид
Тоҷикистон баъди ҷорӣ кардани низоми раводид аз cӯи Туркия чораҳои ҷавобиро баррасӣ дорад
ВКХ Тоҷикистон эълом кард, ки Туркия то ҳол Тоҷикистонро тавассути каналҳои дипломатӣ дар бораи лағви режими раводид барои шаҳрвандони ин кишвар огоҳ накардааст
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад.
Ин шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар пайи лағви вуруди бидуни раводид барои шаҳрвандони ин кишвар садо дод.
"Ҷониби Тоҷикистон тибқи принсипи мутақобила масъалаи ҷорӣ намудани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад", - омадааст хабар.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Туркия то ҳол Тоҷикистонро дар бораи лағви низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ин кишвар бо шиносномаҳои хориҷии муқаррарӣ тавассути каналҳои дипломатӣ огоҳ накардааст.
"Тибқи таҷрубаи байналмилалӣ, ҷониби Туркия мебоист ҷониби Тоҷикистонро дар бораи санаи ҷорӣ кардани низоми раводид пешакӣ огоҳ мекард. Мо қайд мекунем, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол аз тариқи шабакаҳои дипломатӣ чунин маълумот дарёфт накардааст", - омадааст дар хабар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардааст. Фармони дахлдори раисиҷумҳури кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар рӯзномаи расмии ҳукуматии Resmi gazete нашр шудааст.